
Китоби дарсӣ барои синфи 10- уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри чорум.
Ҷанги дувуми ҷаҳон ба охир расид. Дар шикаст додани фашизм ва ҷангҷӯён халқу миллатҳои тараққихоҳи дунё, бахусус Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми бузург гузоштанд. Халқҳои ҷаҳон умед доштанд, ки онҳо ба зиндагии осоиштаву сулҳомез хоҳанд расид. Аммо инсоният бо мушкилоти нав мувоҷеҳ гардид. Меҳвари онҳоро мухолифатҳои сиёсию идеологии байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ташкил медоданд, ки баъд аз ҷанг ба кишварҳои абарқудрати ҷаҳон табдил ёфта, амалан сиёсати ҷаҳониро муайян мекарданд.
Пайдоиши ҷаҳони дуқутба, ташкили паймонҳои низомию сиёсии ба ҳам муқобил, тақсими ҷаҳон ва кишварҳои алоҳида ба доираи нуфузи абарқудратҳо, мусобиқаи таслиҳотӣ, ихтирои навъҳои нави силоҳи қатли ом ва ғайра натиҷаи ҳамин падидаҳо буданд.
Нимаи дувуми асри ХХ ва ибтидои асри XXI марҳалаи инқилоби илмию техникӣ буд. Кашфиёти бузурги илмию техникӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонӣ таъсири бузург расониданд. Воситаҳои робитаи байни одамон, халқҳо ва давлатҳо ба дараҷаи сифатан нави тараққиёти худ расид. Ин ба рушду тараққиёти воситаҳои нақлиёт, махсусан нақлиёти ҳавоӣ, ба вуҷуд омадани шабакаи электронии ахбори умум (радио, телевизион), телефоникунонии оммавӣ, пайдоиши шабакаи ҷаҳонии компютерӣ (интернет) ва ғайра вобаста буд.
Ин марҳала давраи пурзӯршавии раванди ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) буд. Ду омили муҳим – таъсиси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва аз байн рафтани низоми мустамликадорӣ ба ин раванд мусоидат намуданд. Тараққиёти асри ХХ дар қатори дастовардҳои бузурги илмӣ-техникӣ, ки ба нафъи инсон буданд, ҳамзамон, зуҳуроти манфӣ ба бор овард. Масъалаҳои ифлосшавии муҳити зист, афзоиши «нуқтаҳои доғ» дар минтақаҳои гуногун, ки дар натиҷаи он муносибатҳои миллӣ ва иҷтимоӣ тезутунд гардиданд, то имрӯз ба ҳаёти инсон таҳдид мекунанд.
Китобе, ки ҳоло дар даст доред, аз китобҳои пешина фарқ мекунад. Сохтори китоб тавре аст, ки хонандаро барои аз худ кардани матн бозмедорад. Ҳар як санад, расм ё дигар маводи иловагӣ савол ва супориш дорад. Ин амал барои боло бурдани сатҳи фикрронии мустақилонаи хонандагон равона гаштааст. Дар ибтидои ҳар як мавзуъ саволҳо гузошта шудаанд, ки таваҷҷуҳи хонандаро ба масъалаҳои асосии мавзуъ ҷалб мекунанд. Шарҳи мафҳум ва истилоҳот дар матн бо ҳарфҳои сиёҳи ғафстар ҷудо карда шудаанд.
Донишҳои таърихӣ бояд роҳу равиши ҳалли мушкилоти асри XXIро нишон диҳанд ё ақаллан, асоси дарки онҳоро фароҳам оранд.
Калидвожаҳо: Китоби Таърихи умуми. Синфи 10, Таьрихи умуми. Синфи 10, Тарихи умуми. Синфи 10, Каххор Расулиён, Косимшо Искандаров, Носир Назаров, Рахматулло Абдуллоев, Хомидхон Нуриддинов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)