Таърихи умумӣ. Синфи 11. Қаҳҳор Расулиён ва дигарон

Китоби дарсӣ барои синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.


Китоб равандҳои муҳимми таърихи муосири давлатҳои ҷаҳонро дар бар гирифта, дар асоси дастовардҳои имрӯзаи илми таърихнигорӣ ва талаботи замонавии соҳаи омӯзгорӣ таҳия гардидааст. Дар китоб маводди гуногун — ҳуҷҷатҳои таърихӣ, ҷадвалҳо, расму суратҳо ва харитаҳо истифода шудаанд, ки барои беҳтар гардидани фаъолияти эчодии хонандагон мусоидат менамоянд.


Сарсухан

Таърихи чоряки охири асри XX ва ибтидои асри XXI аз нигоҳи миқёс ва суръати ҷараёни воқеаҳо, ки тамоми соҳаҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифтаанд, бесобиқа мебошад. Аз миёнаи солҳои 70-уми асри гузашта буҳрони нави ҷаҳонӣ иқтисодиёти кишварҳоро фаро гирифт. Ин буҳрон ба инқилоби сеюми саноатию технологӣ овард, ки ҷузъи таркибии он инқилоби илмиву техникӣ буд.

Ба ҳамин давраи таърихӣ таҳаввулоти бузурги сиёсию иҷтимоӣ: аз байн рафтани низоми сотсиалистӣ, пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъзе дигар давлатҳои бузурги сермиллат рост меояд. Дар харобаҳои ин давлатҳои як вақт муқтадир даҳҳо халқу миллатҳо соҳиби давлати миллӣ гардиданд. Маҳз дар ҳамин давра Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва баъди 5 соли ҷангу даргириҳои мусаллаҳона, тоҷикон ниҳоят роҳи сулҳ ва тараққиётро пеш гирифта, мақоми сазоворро дар ҷомеаи байналмилалӣ соҳиб гардиданд.

Охири асри XX ва ибтидои ҳазораи нав — давраи афзоиши ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи минтақавӣ, авҷ гирифтани амалҳои баъзан ниҳоят харобиовари террористӣ мебошад.

Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, тезутунд гардидани проблемаҳои экологӣ, афзоиши мухолифатҳои вобаста ба ташаккули низоми нави сиёсии ҷаҳон ба субот ва амнияти ҷаҳонӣ таҳдид мекунанд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷаҳон якқутба шуда истодааст. Нақши давлатҳои тараққикарда, ки дар байни онҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) мақоми махсус дорад, афзоиш меёбад.

Китоби дардастдоштаи шумо ба ҳамин масъалаҳо ва дар маҷмуъ ба тамоили умумии рушди таърихи ҷаҳон бахшида шудааст. Аммо дарс ҳамон вақт ҷолиб ва муфид мешавад, ки хонанда дар бораи воқеаҳо хулосаи мустақилона ва асоснок барорад. Ба шумо дар ин кор порчаҳо аз ҳуҷҷату маводди дигар ёрӣ мерасонанд.


Калидвожаҳо: Китоби Таърихи умуми. Синфи 11, Таьрихи умуми. Синфи 11, Тарихи умуми. Синфи 11, Каххор Расулиён, Косимшо Искандаров, Рахматулло Абдуллоев, Хомидхон Нуриддинов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)