
Китоби дарсӣ барои синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри панҷум.
Хонандагон аз таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна оид ба пайдоишу ташаккули давлат ва ҷомеа дар он замонҳо аллакай иттилоъ доранд. Он вақт олоти меҳнат такмил ёфта, маданияти моддию маънавии ҷомеа хеле пеш рафта буд. Чунин иттилоотро хонандагон ба таври мушаххас ҳангоми омӯзиши таърихи давлатҳои дунёи қадим – Шумеру Акад, Бобулу Ошур, Ҳиндустону Чин, Мисру Хет, Финиқияю Фаластин, Ҳахоманишиёну Бохтар, Хоразму Урарту, Юнону Рим, давлатҳои асримиёнагии Сосониёну Руси Киев, Эрону Арабистон, Олмону Италия, Византияву Туркия ва давлатҳои дигар ба даст оварда, барои омӯзиши таърихи нав замина гузоштаанд.
Ба фарорасии давраи нави таърихи башар тамаддуни Эҳё, кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ, Реформатсияи Аврупо, империяи Византия, инқилоби буржуазии Нидерланд ва Англия саҳм гузоштаанд. Лекин сабабгори асосии пайдоиши давраи нав маданияти Эҳё мебошад. Давраи Эҳё имкон дод, ки муносибатҳои сармоядорӣ ба вуҷуд оянд. Пайдоиши муносибатҳои сармоядорӣ ба инсоният кашфиёти бузурги ҷуғрофиро ҳадя намудааст.
Китоби дарсии мазкур аз пайдоиши муносибатҳои сармоядорӣ, кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ ва инқилоби буржуазии Нидерланд оғоз ёфта, дар миёнаи асри ХIХ хотима меёбад.
Калидвожаҳо: Китоби Таърихи умуми. Синфи 7, Таьрихи умуми. Синфи 7, Тарихи умуми. Синфи 7, Зиёзода Таварали Нозимпур, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)