
Технологияи иттилоотӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
Хонандагони гиромӣ!
Дар барномаи нави таълими фанни технологияи иттилоотӣ фасли алгоритмсозӣ ва барномарезӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Маҳз шиносоӣ ва истифодаи амалии мафҳумҳои ин фасл ба шогирдон шароит фароҳам меоварад, ки онҳо бо тарзи ҳалли масъалаҳо тавассути компютер тасаввуроти дақиқ ҳосил намоянд. Китоби мазкур, ки барои хонандагони синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пешкаш гардидааст, тибқи барномаи нави таълимии фан таълиф шудааст ва қуфлкушои фасли номбурда ба ҳисоб меравад.
Китоб дорои ду бахш аст. Бахши аввал «Воситаҳои информатикунонӣ» ном дошта, аз ду боб иборат аст. Боби якуми он ба омӯзиши алгоритм ва маҳорати алгоритмсозӣ ва боби дуввум ба шиносоӣ бо асосҳои барномарезӣ дар забони нисбатан содаи QBasic ва намунаи объектгарои он – Visual Basic бахшида шудааст. Бахши дуюми китоб «Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» ном дошта, ба омӯзиши муқаддимаи яке аз забонҳои барномарезии муосир – С++ бахшида шудааст.
Ҳамин тариқ, дар синфи 10 фарҳанги иттилоотии хонандагон дар раванди омӯзиши васеи маданияти алгоритмсозӣ ва забонҳои барномарезӣ ташаккул дода мешавад.
Калидвожаҳо: Китоби Технологияи иттилооти. Синфи 10, Камариддин Тухлиев, Мубинчон Муллочонов, Файзали Комилиён, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)