Туфон дар ғунча (барои бонуи шаррор — Гулрухсор)

Бахш: Адабиёти муосир, Назм, Наср

Ношир: Деваштич

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2008

Саҳифа: 133

Андоза: 450 КБ

Туфон дар ғунча (барои бонуи шаррор — Гулрухсор). Ашъори шоирони ҳамзамону ҳамзабон бахшида ба шоири тоҷик.


Китоби «ТӮФОН ДАР ҒУНЧА» аз осори ба Шоири Халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ ГУЛРУХСОРИ САФӢ бахшидаи адибони ҳамзамону ҳамзабони дохиливу хориҷӣ интихобан тартиб дода шудааст.

Меҳрномаи адибони бузурги ҷаҳонӣ аз ҷумлаи устодон Меҳдӣ Ахавони Солис, Файз Аҳмади Файз, Абдулҳусайни Заринкӯб, Сиёвуши Касроӣ, Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Римма Казакова, Леополд Момонсоно ва дигарон ба шоири тоҷик боиси ифтихору хушнудист.

Аз байни садҳо шеъри ба Гулрухсор эҳдо шуда гулчин кардани ин маҷмӯа осон набуд.

Дар як китоб гирд овардани меҳрномаи дӯстони суханвари шоир аз гӯшаву канори ҷаҳон зинҳор маънии худнамоиву худтаърифкуниро надошта, балки шоҳиди он аст, ки шоирон дар ҳама давру замон қосидони Ватану Миллат ва пайвандгарии мулкҳову миллатҳо будаанд, ки Гулрухсор низ аз ин саф истисно нест.

Мураттибон: С. АНВАРӢ, Н. САИДӢ.


Калидвожаҳо: Китоби Туфон дар гунча (барои бонуи шаррор — Гулрухсор), бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)