
Маълум аст, ки дар сарзамини хеле васеъ, ки аз қадим боз дар он забони тоҷикӣ интишор меёфт, бо мурури замон ва бо хости рӯзгор хеле луғатҳои қиматбаҳо тартиб дода шудаанд. Ин луғатҳо барои донистани боигарии таркиби луғавӣ, омӯхтани тағйиротҳои лексикӣ ва умуман таърихи инкишофи забони тоҷикӣ ба аҳамияти бузурги илмӣ соҳибанд.
Мутаассифона, дар мактабҳои олии республика, дар шуъбаҳои забоншиносӣ, махсусан дар курси омӯзиши таърихи забони тоҷикӣ аз ин асарҳои гаронбаҳо хеле кам истифода мебаранд, ё намебаранд.
Аз тарафи дигар аз шумораи хеле зиёди ин гуна луғатҳо ғайр аз «Ғиёс ул-луғот дигар асаре ба табъ расонида нашудааст.
Яке аз ин гуна луғатҳо, ки дар бораи лексикаи қадимаи забони тоҷикӣ баҳс мекунад, «Туҳфат-ул-аҳбоб» машҳур ба Фарҳанги Ҳофизи Ӯбаҳист. Муаллифони фарҳангҳои минбаъда, аз ҷумла муаллифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», ки барои тартиб додани асари худ шумораи зиёди луғатҳон қадимаро истифода кардаанд, дар муқаддима дар қатори сарчашмаҳои луғавӣ номи ин луғатро низ қайд менамоянд.
Калидвожаҳо: Китоби Тухфат-ул-ахбоб (Фарханги Хофизи Убахи), Хофизи Убахи, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)