Таҳиякунанда: Шаҳзода Назарзода
Виростор: Анзурати Маликзод
“Ворух, девори Ватан” маҷмуъаи мақолот ва ашъорест, ки аз соли гузашта то кунун ба дасти интишороти “Ақли Сурх” Red Intellect дар Ҳоланд расидааст. Дар ин китоб навиштаҳо ва ашъори тоҷиконеро гирдоварӣ кардаем, ки нисбат ба рӯйдодҳои чанд соли ахир дар Ворух ва даргириҳои марзии он бетараф намондаанд ва фикру ақидаи худро чи аз лиҳози илмӣ, чи аз лиҳози торихӣ ва чи дар гузоришу мушоҳидаҳо ва чакидаҳои шеърии худ дарҷ кардаанд. Бо воҷудуи ин ки тақрибан ҳамаи навиштаҳо саршор аз меҳри Меҳан ва эҳсосоти самимии нависандагони тоҷик аст, аз бознашри чанд сафарнигора ва мақолаҳои торихии муҳимми русӣ ва англисӣ низ худдорӣ накардем ва онҳоро низ дар канори навиштаҳои имрӯзӣ ҷой додем, то доманаи воқеъияти торихӣ барои хонанда равшан гардад.
Ин маҷмуъа бидуни ҳеч чашмдошти молӣ ва барои сабти бахше аз авотифи мардумӣ нисбат ба яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои меҳании даҳаи гузашта гирдоварӣ шудааст ва инак, аз бахти баланди мо, рӯи ҷопро мебинад. Ҳар он навиштае, ки ба дасти мо расид, бо камтарин вироиш, дар ин маҷмуъа ҷой додаем ва қарори мо бар ин аст, ки “Ворух, девори Ватан” ба таври ройгон дар фазои интернетӣ таксир гардад. Ба истиснои чанд нусхаи чопӣ, ки барои китобхонаҳои расмии Ҳоланд, Тоҷикистон ва Бритониё ирсол хоҳад шуд.
Рӯйнамоии ин китоб, ки бо нияти ҳамфикрӣ ва ҳамдилӣ бо мардуми Ворухва атрофи он ва ҳамаи тоҷикони меҳандӯст омода шудааст, дар торихи 20 моҳи марти соли 2022 дар шаҳри Амстердам, дар маросими ҷашни Наврӯзии форсизабонон дар Ҳоланд, баргузор хоҳад шуд.
Калидвожаҳо: Китоби Ворух, девори Ватан (Мачмуъаи макола ва ашъор дар васфи Ворух), Ворух, девори Ватан (Мачмуьаи макола ва ашьор дар васфи Ворух), Ворух, девори Ватан (Мачмуаи макола ва ашор дар васфи Ворух), бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
