
Тарҷумаи Уктами Холиқназар.
Дар дасти шумо романи нави ман «Як гули сад харидор». Он сароғоз дар маҷаллаи «Бисвин сади» («Садам бистум») ба табъ расида, ҳоло дар шакли китоби алоҳида мебарояд.
Мазмуни ин роман чун дигар асарҳои ман аз ҳаёт гирифта шудааст. Образи асосии он Айлидухтари соҳибҷамол Лочист, ки қабилаи ӯ кунун дар садаи бистум низ чун аҷдоди аз ин ҳазор сол пештараи худ ҳаёт ба сар мебарад. Дар наздикии истгоҳҳои роҳи оҳани мавзеъҳои ҳаволи Бомбай ҳар сари вақт хаймаҳои лӯлиёнро дидан метавон.
Роман — ривоятест аз ҳаёти як қабилаи лӯлиён ва духтари бебоки он, ки дар ҳар сари қадам ҳашамати ҳаётро тасдиқ мекунад.
Бомбай
30 марти соли 1960
Кришан Чандар
Калидвожаҳо: Китоби Як гулу сад харидор, Кришан Чандар, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)