Забони тоҷикӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст. Нашри чорум.
ЗАБОНИ МОДАР
Чӣ сон азиз аст, басо лазиз аст,
Забони модар.
Зи шираи ҷон гирифта ҷавҳар,
Дурдонарез аст,
Аз теғ тез аст,
Забони бурро – забони модар.
Дар арсаи кор
Ту ҳамсадоӣ, ҳам бебаҳоӣ,
Забони корӣ, ҷозиба дорӣ.
Ғайрату завқам
Ту кардӣ бисёр,
Зӯру тавоно – забони модар.
Дар шӯришу ҷанг
Забони фатҳӣ,
Дар ғазаб оӣ, басо шуҷоӣ.
Аду кунӣ қир бо найзаю тир,
Шуда ҳамоҳанг
Ханҷари бурро – забони модар.
Чӣ сон азизӣ, басо лазизӣ,
Забони тоҷик,
Ширинтар аз ҷон, зи нукта борик,
Дурдонарезӣ,
Аз теғ тезӣ,
Ба ту шарафҳо, забони модар!
Иброҳим Раҳматов
Калидвожаҳо: Китоби Забони точики. Синфи 7, Саидамир Аминов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
