Забони тоҷикӣ. Синфи 10. Саидамир Аминов

Муаллиф: Саидамир Аминов

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 10

Барчасп: Забони тоҷикӣ

Ношир: Маориф

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2018

Саҳифа: 224

Андоза: 609 КБ

Забони тоҷикӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.


Вақте ки китобро ба даст мегиреду онро варақ мезанед, ҳайрон нашавед, ки дар он таърифҳои грамматикӣ вуҷуд надоранд. Шумо дар синфҳои 5-9 доир ба овошиносӣ (фонетика), луғат, калимасозӣ ва имло, ҳиссаҳои нутқ, ибора, ҷумлаҳои содаву мураккаб, аломатҳои китобат, услубҳои нутқ маълумоти заруриро фаро гирифтаед.

Аз ин хотир, мо барои пешгирӣ аз такрори бемаврид аз овардани масъалаҳои назарӣ худдорӣ кардем. Ҳадафи дарсҳои забони тоҷикии синфҳои 10 ва11 комилан дигар аст. Акнун Шумо ҳар як супориши машқҳоро иҷро карда, ба саволҳо ҷавоб медиҳед ва бо такя ба супоришҳо дар мавзӯъҳои гуногун нақлу иншо ва матнҳо меофаред. Маводи назарии омӯхтаатонро мустақилона дар амал татбиқ мекунед, яъне корҳои анҷомдодаатонро ҷамъбаст карда, хулосаҳои илмию амалии хешро баён месозед. Вазифаи омӯзиши забон дар синфҳои 10 – 11 инҳоянд:

  • фаъолгардонии маълумоти забонӣ ва тақвияти самтҳои амалии омӯзиш;
  • омӯзиши забон чун нахустунсури адабиёт ва имконоти тасвиру ифоданокии он дар тамоми сатҳҳо (овоӣ — фонетикӣ, луғавӣ ва грамматикӣ);
  • амалан фаро гирифтани навъҳои нутқ (ҳикоягӣ, тасвирӣ ва муҳокимавӣ);
  • такмили саводи имлоӣ ва аломатҳои китобат;
  • фарогирии маҳоратҳои чаҳоргонаи забонӣ (шунидан, сухан гуфтан, хондан ва навиштан);
  • амиқгардонии дониш оид ба услубҳои нутқ;
  • муносибати оқилона ба калима ва дарки хушоҳангию ифоданокии забони тоҷикӣ;
  • фаро гирифтани ҳусни баёну муомила;
  • васеъ гардонидани маҳорату малакаи дарку таҳлил ва таълифи матнҳо дар мавзӯъҳои гуногун.

Калидвожаҳо: Китоби Забони точики. Синфи 10, Саидамир Аминов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)