Тарҷумаи Юнус Юсуфӣ.
Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ — бунёдгузори адабиёти шӯравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951—1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон (1997).
Дар китоб зиндагии устод Садриддин Айнӣ ба сурати солнома омада, санаҳои таърихӣ ва рухдодҳои муҳими ҳаёти ӯро фаро гирифтааст. Бар асоси санадҳо ва ёдоштҳои ашхосе, ки устод Айниро медонистанд, дар ҷабҳаи муборизаву талошҳои хастагинопазираш дар роҳи бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи тамаддуну фарҳанги миллат ҳамроҳу ҳамкораш будаанд, зиндагии тоинқилобӣ ва даврони шӯравии ӯ то вопасини соатҳои ҳаёташ тасвир шудааст.
Калидвожаҳо: Китоби Зиндагиномаи Садриддин Айни, Холида Айни, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
