Зоология. Синфи 7. Абдулло Маҳмадзиёев, Комилшо Исоев

Муаллифон: Абдулло Маҳмадзиёев, Комилшо Исоев

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 7

Барчасп: Зоология

Ношир: Полиграф Групп

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2018

Саҳифа: 240

Андоза: 14 МБ

Зоология. Китоби дарсӣ барои синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри чоруми такмилёфта.


Китобе, ки шумо дар даст доред, бо тағйироту иловаҳо бори чорум нашр мегардад ва дар бораи гурӯҳҳои асосии олами ҳайвоноти Тоҷикистон ва дунё маълумот медиҳад.

Дар нашри чорум тағйирот ва навигариҳои зиёди илмӣ ворид карда шудааст. Аз ҷумла доир ба типҳои нави олами ҳайвонот, синфҳо ва қаторҳо маълумоти нав илова гардидааст. Барои такрор ва санҷиши дониш саволҳои тестӣ тартиб дода шудаанд. Пас аз омӯхтани мавод оид ба ҳар як типи ҳайвонот, шумо хулосаи фаслро хоҳед хонд. Инчунин бо аҷоиботи олами ҳайвонот ва масъалаҳои кунҷковона шинос мешавед. Дар форзатси китоб муҳити асосии зисти ҳайвонот бо баъзе намояндаҳои муҳимтарини онҳо ва нақшаи пурраи инкишофи олами ҳайвонот тасвир шудааст. Дар китоб таҷрибаҳои лабораторие, ки шумо бо роҳбарии омӯзгор дар синфхонаи биология бояд гузаронед, оварда шудаанд. Барои ба сохтори китоб хубтар шинос шудан, ба мундариҷаи он диққат диҳед. Ин ба шумо имконият медиҳад, ки саҳифаи мавзӯи ба шумо лозимро тезтар ёбед ва ба тарзи ҷойгиршавии мавзӯъҳо шинос шавед. Ба туфайли ин китоб шумо на фақат ба олами ҳайвоноти дунё шинос мешавед, инчунин дар бораи олами ҳайвоноти кишварамон ва хусусиятҳои хоси онҳо маълумоти пурра пайдо мекунед. Дар вақти хондани матни китоб агар ба расм ишора шуда бошад, ҳатман онро нигоҳ карда, бо мавзӯи хондаистодаатон муқоиса кунед, чунки шумо бо ин роҳ мавзӯъро хубтар дарк мекунед ва дар хотир нигоҳ медоред.


Калидвожаҳо: Китоби Зоология. Синфи 7, Абдулло Махмадзиёев, Комилшо Исоев, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)