Дар бораи сомона

Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон

Сомонаи Китобхон (kitobkhon.net) барои дастрас кардани китобҳои электронии ройгон ба ҳамаи дӯстдорони китоб ва дониш таъсис дода шудааст. Дар ин сомона, шумо метавонед китобҳоро аз рӯи муаллиф, бахш, ношир, сол ва дигар нишонаҳо ҷустуҷӯ ва интихоб намуда, ба осонӣ боргирӣ кунед.

Илова бар ин, сомона дар оянда нақша дорад, ки гӯш кардани китобҳои савтӣ (аудиокитобҳо)-ро низ дар худи сомона пешниҳод кунад. Дар айни замон, шумо метавонед китобҳои савтиро аз канали телеграмии Китобкада (@kitobkada) гӯш кунед.

Шумо низ метавонед китобҳои электронии худро ба сомона пешниҳод кунед. Лутфан онҳоро тавассути ин саҳифа ё ба почтаи электронии upload@kitobkhon.net ва ё дар телеграм ба @web_tj фиристед.

Сомонаи «Китобхон» дар пайравӣ ба лоиҳаи ҳамноми «Китобхон», ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият мекунад, сохта шудааст.

Барои тамос бо мо, метавонед ба почтаи электронии info@kitobkhon.net ё дар телеграм ба @web_tj нависед.

Прокрутить вверх