Муҳаммадӣ Навид

Соли 1955 дар деҳаи Нушори Болои ноҳияи Точикободи кишвари Тоҷикистон, дар хонадони яке аз шахсиятҳои маъруфи илм ва ирфон, Ҳоҷӣ Мулло Мирзоҳодӣ Лоиқзода ба дунё омадааст.

Донишҳои ибтидоӣ ва фиқҳиро назди падар ба итмом расонида, аз маҳзари донишмандони машҳуре ҳамчун, Махдуми Бурҳониддини Утолӣ ва дигар бузургон, ақида ахлоқ, сарф ва наҳв, ҳадис ва тафсир, мантиқ ва фалсафа, балоғату баён, сияр ва таърихро фаро гирифтааст.

Дар натиҷаи сафарҳо ба мамолики шарқ ва ширкат дар ҳалқаҳои илмӣ ва суҳбат бо донишмандони риштаҳои гуногун, дониш ва малакаи илмии худро сайқал додааст. Ҳамзамон хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи забонҳост.

Аз соли 1998 то 2001 муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон.

Дипломдор дар улуми сиёсатшиносӣ, аз кишвари Ҷопон ва давлати Қувайт.

Дипломдор — муҳаққиқ дар риштаи дасхатшиносӣ аз Донишгоҳи шарқшиносии Федератсия Руссия.

Аълочии маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви иттиҳоди рузноманигорони Ҷумҳурӣ.

То кунун беш аз ҳафтод мақола ва пажуҳишҳои илмии ӯ дар мавзуоти гуногун ба нашр расидааст.

Аз муаллиф панҷ китоб дар назм ва наср бо номҳои: «Ҳадиси ишқ», «Милоди нур», «Андешаҳо» ва «Шарҳи саду як ҳадиси набавӣ бо таълиқот», манзури хонандагон гардидааст.

Ислоҳ ва бознигарӣ

Китоб ба пешгоҳи қишри худогоҳ, худшинос ва донишпажуҳи ҷомеа тақдим мегардад. Ҳамд мар ӯро, ки варои варост, Баъди варо пойгаҳи […]

Ҳадиси ишқ

Сано мар Худованди бахшандаро, Ба ҳикмат ҷаҳон офаринандаро. Ҳама зеру боло санохони ӯ, Ду олам пур аз файзу эҳсони ӯ.

Иборот ва ишорот

Иборот ва ишорот. Ақида, ахлоқ, фарҳанг, фалсафа, иҷтимоъ, роҳбарӣ, иҷтиҳод, ирфон… (Такмила). Китоб ба пешгоҳи қишри худогоҳ, худшинос ва донишпажуҳи

Прокрутить вверх