Дар бораи сомона

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон!

Сомонаи «Китобхон» (kitobkhon.net) бо ҳадафи фароҳам кардани дастрасии ройгон ба китобҳои электронӣ барои ҳамаи дӯстдорони китобу дониш роҳандозӣ шудааст. Дар ин сомона Шумо метавонед китобҳоро аз рӯйи номи муаллиф, бахш, ношир, соли чоп ва дигар меъёрҳо ҷустуҷӯ карда, асарҳои дилхоҳатонро ба осонӣ интихоб ва боргирӣ кунед.

Ҳамчунин, Шумо имкон доред аз тариқи боти «Телеграм»-ии мо бо нишонии @kitobkhon_net_bot китобҳоро мустақиман дар «Телеграм» ҷустуҷӯ ва боргирӣ кунед.

Илова бар ин, мо тасмим дорем дар оянда имкони гӯш кардани китобҳои савтӣ (аудиокитобҳо)-ро низ дар сомонаи "Китобхон" фароҳам оварем. Ҳоло Шумо метавонед китобҳои савтиро аз саҳифаи «Телеграм»-и «Китобкада» (@kitobkada) гӯш диҳед.

Шумо метавонед китобҳои электронии худро барои ҷойгир кардан дар сомонаи "Китобхон" тариқи почтаи электронии upload@kitobkhon.net ё тавассути «Телеграм»-и @SobitAlimov ба мо равон кунед.

Сомонаи «Китобхон» дар пайравӣ ба тарҳи ҳамноми «Китобхон», ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият мекунад, аз ҷониби чанд ҷавони ҳаваскор таъсис ва роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи асосии он фароҳам овардани дастрасии ройгон ба китобҳои электронӣ барои хонандагон мебошад. Ин сомона ба ягон ташкилоту ниҳоде тааллуқ надорад ва ҳоло ҳеч гуна ҳадафи тиҷоратиро дунбол намекунад. Тамоми хароҷоти нигоҳдорӣ ва фаъолияти сомона аз ҷониби бунёнгузорони он пардохт карда мешавад.

Дар ин сомона ҳуқуқи муаллиф риоя мешавад. Агар Шумо аз нашри матлаб ё китобатон дар сомонаи «Китобхон» розӣ набошед, лутфан, бо мо тамос гиред.

Барои иртибот бо мо метавонед ба почтаи электронии info@kitobkhon.net ё тавассути «Телеграм»-и @SobitAlimov паём фиристед.