PDF
Аҳмади Дониш. Сотим Улуғзода
Дар бораи китоб
Мақсади ин китобча хонандагонро ба тариқи умумӣ бо ҳаёт ва фаъолияти адабии Аҳмад махдуми Дониш ошно кардан аст. Вай даъвои ба таври чуқур ва ҳаматарафа таҳлил кардани асарҳои ӯро надорад.
Таҳлил кардани асарҳои вай аз ҷиҳати социалӣ ва бадеӣ, омӯхтани алоқа ва муносибати онҳо бо асарҳои нависандагони пеш аз вай гузаштагӣ, дараҷаи таъсири Аҳмад махдум ба адабиёти баъди вай эҷодшуда, инчунин тадқиқ кардани назарияҳои философии ӯ кори оянда аст.
Чун аз мероси адабии Аҳмади Дониш ғайр аз ду-се порчаи кутоҳ то ҳол ҳеҷ чиз чоп карда нашудааст, мо маҷбур будем, ки дар ин очерк барои тасдиқи ин ё он фикри худ аз навиштаҳои ӯ баъзан порчаҳои калон оварем. Ба фикри мо, ин кор боз аз як фоидаи дигар хам холӣ нест, ки хонандаро зимнан бо баъзе намунахои эҷодиёти Аҳмад махдум ва бо услуби вай ошно мекунад.
Дар навиштани ин китобча манбаи аввал ва асоси барои мо асарҳои худи Аҳмади Дониш буданд.
Муаллиф