
Китоби дарсӣ барои синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия кардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шуд ва ҳамчун давлати соҳибистиқлол соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид гашта, бо ҳамин ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ пайваст гардид.
Хонандаи азиз! Китобе, ки шумо дар даст доред, муҳимтарин масъалаҳо ва мафҳумҳои илми асосҳои давлат ва ҳуқуқро аз пайдоиши он то ба инкишофи имрӯзаи давлат дар бар мегирад. Ба таври ҷиддӣ азхуд кардани мавзӯъҳои китоби мазкур ба шумо имкон медиҳад, ки донишу саводи ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрвандии худро баланд бардоред ва ҷаҳонбиниатонро васеъ гардонед.
Орзу дорем, ки шумо оид ба давлат ва ҳуқуқи кишвари худ эҳтиром зоҳир намуда, ҳар як савол ва мавзӯъро хуб аз худ мекунед ва баҳри мустаҳкам намудани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми худро мегузоред.
Калидвожаҳо: Китоби Асосхои давлат ва хукуки Чумхурии Точикистон. Синфи 8, Махкам Махмудзода, Махмад Рахимзода, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)