Чеҳраҳои мондагор

Чеҳраҳои мондагор. Эмомалӣ Раҳмон

Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
364
Забон
Нашр дар сомона
07.08.2026

Дар бораи китоб

Китоби мазкур дар асоси осори илмиву таърихӣ ва маърӯзаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мураттаб гардидааст. Анҷом додани ин кор ба се ваҷҳ муносиб дониста шуд: аввалан, сатҳу савияи илмии нигошта ва маърӯзаҳо дар пояи баланд қарор дорад ва аз онҳо боясти аҳли илму адаб, омӯзгорону донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон зимни пажӯҳиши илмӣ, таълими шогирдон ва огоҳии бештаре пайдо намудан бо рӯзгору осори шахсиятҳои варзидаи таърихӣ ва фарҳангиамон истифода баранд. Аз ҷониби дигар, ин кор ба он хотир зарур дониста шуд, ки дар айни ҳол теъдоди нашри китобҳои Сарвари кишвар хеле маҳдуд аст ва на ҳамаи ниёзмандон имкони дарёфту мутолиаи онҳоро доранд. Далели севум ин аст, ки дар як маҷмӯа гирд омадани маводи ин китоб, ки қаблан ба сурати пароканда дар маҷмӯаву китобҳои гуногун ва нашрияҳои даврӣ чоп шуда буданд, ба хонандагон имкони мусоиди истифода ва баҳрабардориро фароҳам меорад.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Чехрахои мондагор, Эмомали Рахмон, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).