Хазинаи маърифат 5, 500 Ҳикмат

Хазинаи маърифат 5, 500 Ҳикмат. Субҳон Қурбонов

Сол
Саҳифаҳо
368
Забон
Нашр дар сомона
29.07.2026

Дар бораи китоб

Эй Худо, эй Қодири бечанду чун,
Воқифӣ бар ҳоли беруну дарун.
Ин қадар иршод бар мо додаӣ,
Ин қадар Ту айби мо пӯшидаӣ.
Қатраи илм аст андар ҷони ман,
Вораҳонаш аз ҳаво в-аз хоки тан...
Ин ҷаҳон кӯҳасту феъли мо – нидо,
Сӯи мо ояд нидоҳоро садо...
Ин ҷаҳон кӯҳасту гуфтугӯи ту,
Аз садо ҳам боз ояд сӯи ту.
Мавлоно

Китобе, ки бо талошу заҳамоти Субҳон Қурбонов таҳия гардидааст, натиҷаи мутолиа ва тафаккуру бардоштҳои маърифатии ӯ маҳсуб мешавад, ки хонандаро низ аз лаззати суханони ҳикматноку гуҳарбори инсонҳои комил, аз қабили паёмбарони илоҳиву азизони Худо ва афроди донишманду ҳаким, бархӯрдор месозад. Ин китоб, дар воқеъ, давои дардҳои қалбиву ҷисмӣ (албатта, барои касоне, ки дар сиришташон тухми маърифату садоқат ва муҳаббат кошта шудааст) ва раҳнамое барои оқилону орифон ва ошиқони каломи ҷонбахш аст, ки василае баҳри ноил гаштан ба камолоти ахлоқист. Вижагии мавзӯъҳои дар китоб матраҳшуда аз он иборатаст, ки инсонро ба тадаббуру чора ҷустан дар ислоҳ ва тарбияи нафси аммора водор месозанд, нафсе, ки ба модарбут (ба қавли Мавлоно: Модари бутҳо бути нафси шумост, З-онки он бут мору ин бут аждаҳост) табдил гардида, имрӯз бани башарро мубталои хеш сохта, ӯро аз ин тариқ ба бадбахтиву фалокатҳои гӯшношунид дучор месозад.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Хазинаи маърифат 5, 500 Хикмат Хазинаи маьрифат 5, 500 Хикмат Хазинаи марифат 5, 500 Хикмат, Субхон Курбонов, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).