PDF
Хонуме дар регзор. Роман. Кобо Абэ
Дар бораи китоб
Тарҷума аз забони русӣ – Абдуғаффор Қурбонов
Романи нависандаи Ҷопон Кобо Абэ
Кобо Абэ ҳамчун суханвари барҷаста, устоди таҳқиқоти психологии идрок ва яке аз пешвоёни равияи пешоҳангӣ дар санъат дар ҳавзаҳои гуногуни адабиёти ҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст.
Ин китоб дар бораи ҳодисаҳои бедарак ё гумшавии одамон, ки аксаран ба фоҷеа табдил меёбанд, дилсардӣ, дунёбезории онҳо, ҳаёти сангину қашшоқонаи аҳли деҳот, ки аз назари мақомот берун мондааст, кӯшишу талошҳои такрор ба такрори қаҳрамонони асар ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳо барои халосӣ ёфтан аз асирию ғуломӣ, азобу уқубати тоқатнопазири онҳо дар муҳит ва шароите, ки умр ба сар мебаранду хеле даҳшатноку боварнокарданӣ аст, нақл мекунад.
Романи «Хонуме дар регзор» – ин нақлест аз забони қаҳрамони асар, муаллими мактаби миёнаи шаҳр, ки дар давраи рухсатиаш ба деҳае мераваду ба доми сокинони он афтида, азобу уқубати зиёде мекашад ва хонандаро бо худ ба ин олами пурасрору дарднок мебарад…