Обшори Зидеҳ (шеърҳо барои кӯдакон)

Обшори Зидеҳ (шеърҳо барои кӯдакон). Шарифи Муҳаммадёр

Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
50
Забон
Нашр дар сомона
26.08.2026

Дар бораи китоб

Агар аз роҳи Душанбе ағбаи Анзобро гузашта бошед, аз чап дехаи Майхура ва аз рост Зидеҳро бо шавқ тамошо хоҳед кард. Хоса Зидеҳ, ки дар ғоят обшор аст. Обҳо ҳамвора аз перомуни об бархезад, ба Варзоб резад. Баҳорон атрофу акнофро гулафшон кунад. Тирамоҳонаш низ сурати марғуб дорад. Зимистонаш саропо нуқрапӯш аст аз барфҳо бо роҳу пайроҳаҳояш. Мардумаш, ки меҳмондору одамдӯстанд дар байни манзараҳои дилангези кӯҳсор молики табъи равонанд, ҳунарманду эҷодкор.

Шарифи Муҳаммадёр, ки аз фарзандони Зидеҳ аст, тавъам ба кори таълиму тарбия шеър мегӯяд. Шеърҳояш равон, сода, муъҷаз ва хушвазну қофия. Ва боиси хурсандист, ки маҳз барои кудакон менависад. Бовар дорам, ки аксари шеърҳояш писанди хонандагони хурдсол хоҳанд шуд. Онҳо ба василаи шеърҳои ӯ панду одоб хоҳанд омӯхт, табиатро дуст хоҳанд дошт, ватанпарвару миллатшинос хоҳанд гашт.

Мо ба шоири зидеҳӣ Шарифи Муҳаммадёр сиҳатмандиву барори кор мехоҳем.

Юсуфҷон Аҳмадзода

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Обшори Зидех (шеърхо барои кудакон) Обшори Зидех (шеьрхо барои кудакон) Обшори Зидех (шерхо барои кудакон), Шарифи Мухаммадёр Шарифи Мухаммадер, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).