PDF
Таърихи Систон
Дар бораи китоб
ТОҶНОМА. Силсилаи Тоҷикон дар масири тамаддун. Китоби XII
Таҳияи матн, муқаддима, тавзеҳот ва феҳристҳо аз Муҳаммадюсуф Имомов ва Абдушукури Абдусаттор
Китоби «Таърихи Систон» аз зумраи куҳантарин осори таърихӣ чун тарҷумаи «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Ҳудуд-ул-олам мин ал-Машриқ илал Мағриб»-и муаллифи номаълум, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ва амсоли онҳо ба шумор меравад, ки ба забони форсӣ таълиф гардидаанд. Дар масъалаи ном ва муаллиф ё саҳеҳтар муаллифони ин асар дар миёни донишмандон ва асҳоби таъриху тазкираҳои асрҳои миёна ихтилофи назар мавҷуд аст. Ҳарчанд ин китоб бо номи «Таърихи Систон» шуҳрат пайдо кардааст, вале дар нусхаи асл ҳаргиз аз ин ном ёд нашуда ва дар ҳар ҷои асар аз он бо номи «Таърих» ишора шудааст. Ҳамчунин яқинан наметавон гуфт, ки номи китоб «Систоннома», «Ахбори Систон» ё «Таърихи Систон» буда бошад.