Тарҷумаи Таърихи Яминӣ

Тарҷумаи Таърихи Яминӣ

Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
420
Забон
Нашр дар сомона
30.07.2026

Дар бораи китоб

Тарҷумаи Таърихи Яминӣ. Муқаддима, таҳия, таҳшия, таълиқот, луғот ва феҳристи Н.И. Ғиёсов

«Тарҷумаи Таърихи Яминӣ»-и Ҷурфодиқонӣ тарҷумаи озоди «Таърихи Яминӣ»-и Абӯнасри Утбӣ – муаррих, шоир, дабир, муаллифи ҳанафимазҳаби охири қарни Х ва нимаи аввали қарни ХI мебошад, ки ба султон Маҳмуди Яминуддавла бахшида шуда, шарҳи салтанати Сабуктегин ва султон Маҳмудро аз соли 975 то 1022 фаро мегирад. Ҷурфодиқонӣ, ки дар замони ҳукумати Атобакони Озарбойҷон – Элдигизиён мезист, бо дастури вазири атобаконӣ – Абулқосим ибни Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Абӯҳанифа ба тарҷумаи ин китоб оғоз ва соли 1207 онро ба итмом мерасонад.

Асар на танҳо дар бораи таърихи Ғазнавиён иттилои муҳими илмӣ медиҳад, балки зикри дудмонҳои дигари ин аҳд, аз қабили Сомониён, Оли Зиёр, Симҷӯриён, Оли Фареғун, Ғуриён, мулуки Ҳинд ва ғайраро фарогир ва дорои аснод ва иттилооти арзишманде аст.

Китоби мазкур ба муҳаққиқони таърих, пажӯҳишгарони забону адабиёт ва кулли алоқамандони фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ пешкаш мешавад.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Тарчумаи Таърихи Ямини Тарчумаи Таьрихи Ямини Тарчумаи Тарихи Ямини бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).