Абдухалил Холиқзода
Абдухалил Холиқзода
1 китоб дар китобхона

Дар бораи муаллиф

Абдухалил Холиқзода (Абдухалил Холиқов; зод. 20 декабри 1966, рустои Панҷрӯд, ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — нависанда ва соҳибкори тоҷик. Раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино.

Зиндагинома

20 декабри соли 1966 дар рустои Панҷрӯди шаҳри Панҷекати вилояти Ленинобод ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рустои зодгоҳаш дар соли 1983 ба факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуд. Пас аз хатми соли аввали донишгоҳ ба сафи артиши шӯравӣ даъват шуд ва пас аз итмоми хидмати дусолаи сарбозӣ таҳсил дар донишгоҳро идома дод. Дар давоми таҳсил давраи коромӯзии яксоларо дар Ҳинд анҷом дод. Хатми донишгоҳ дар соли 1992 бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мусодиф омад ва Абдухалил Холиқзода то ҳадде маҷбур шуд ба тиҷорат (фурӯши пахта) машғул шавад.

Дар соли 2008 ҳамроҳ бо сармоягузори эронӣ Бемористони байналмилалии Ибни Синоро таъсис дод, ки ҳоло беҳтарин бемористон дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Абдухалил Холиқзода ҳоло раиси ҳайати мудирони Бемористони байналмилалии Ибни Сино аст.

Нависандагӣ

Абдухалил Холиқзода пайваста дар мавзуъҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ахлоқӣ мақолаҳои таҳлилӣ менависад, ки дар матбуоти кишвар ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ чоп шудаанд. Ҳамчунин муаллифи китоби «Моҷарои рафта» (соли 2018) аст, ки дар ин китоб зиндагии хешро дар пайванд бо таҳаввулоти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар ба риштаи таҳрир даровардааст. «Моҷарои рафта» соли 2019 дар Эрон низ ба чоп расид.

Аз Википедия

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китобхои Абдухалил Холикзода ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).