Амир Умархони Хӯқандӣ (Амирӣ)
1787 — 1822
1 китоб дар китобхона

Дар бораи муаллиф

Амир Умархон соли 1787 дар оилаи Норбӯттабӣ таваллуд шудааст.

Аз ӯ пеш дар тахти салтанати Хӯқанд бародараш Олимхон, ки ба золимӣ ном баровард, менишаст. Соли 1809 риштаи умри ӯ канда мешавад ва ба ҷояш Умархон ба тахти салтанат менишинад. Аз рӯзи аввал писанди хотири аҳолӣ мегардад. Ҳудуди салтанатро аз ҳисоби шаҳрҳои Кошғар, Ҷиззах, Истаравшан ва Тошканд васеъ мегардонад. Шаҳрҳои нав бунёд мекунад.

Дар даври хонигариаш шоирону донишмандони замонро, аз қабили Адо, Фазлӣ, Ҳозиқ. Хичлат, Вазир, Махмур, Нодир, Ғозӣ, Маъдан, Мирӣ, Нодира, Увайсӣ, Махзуна, Гулханӣ, Мушриф, Дабир, Маҳзун ва дигаронро ба дарбор ҷалб мекунад ва адабиёти дузабонаро ба роҳ мемонад.

Ҳамсараш Моҳлароим Нодира, бо тахаллуси Нодира, Комила ва Макнуна бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър мегуфт.

Фарзандаш Муҳаммадалихон бо тахаллуси Хон шеър гуфтааст. Ашъори форсии шоир аз 148 ғазал, 19 мухаммас, 1 тарҷеъбанд, 1 таркиббанд ва 1 мусамман иборат аст.

Дар охири «Девон»-и Амир 8 таърих, ки шоирони давр дар таърихи вафоташ гуфтаанд, ҷой дорад.

«Девон»-и форсии шоир бори аввал бо таҳрири комил дар Точикистон нашр мешавад.

Амир Умархон соли 1822 дар Хӯқанд вафот кардааст.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китобхои Амир Умархони Хуканди (Амири) ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).

Китобҳои муаллиф