PDF
Дар бораи муаллиф
Аскар Ҳаким (зод. 10 октябри 1946) — шоир ва давлатмарди тоҷик. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Зиндагинома
Аскар Ҳаким 10 октябри 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1967 факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расонда, ду сол дар идораи барномаҳои ҷавонон ва наврасони Кумитаи телевизион ва радиои ҶШС Тоҷикистон муҳаррир будааст. Солҳои 1969-1974 аспиранти кафедраи таърихи адабиёти советии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, баъдан муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», сипас сармуҳаррири ҳамин ҳафтанома (ҳозира «Адабиёт ва санъат), аз соли 1991 то марти 2003 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.
Аскар Ҳаким алҳол ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академия миллии илмҳои ҶТ мебошад.
Китобҳои муаллиф
PDF
PDF
Маҷмӯаи осор (ҷилди 6)
PDF
Маҷмӯаи осор (ҷилди 5)
PDF
Маҷмӯаи осор (ҷилди 4)
PDF
Вежагиҳои анвои шеъри ғиноӣ. Маҷмӯаи осор (ҷ. 3)
PDF
Маҷмӯаи осор (ҷилди 2)
PDF
Анвои шеъри ғиноӣ (нимаи дувуми садаи ХХ)
PDF
Маҷмӯаи ашъор. Чамани ишқу андеша (рубоиёт, дубайтиҳо, байтҳо)
PDF
Маҷмӯаи ашъор. Ашъори анвои гуногун (ҷилди 1)
PDF