Бузургмеҳри Баҳодур
Бузургмеҳри Баҳодур
таваллуд 09.06.1992
1 китоб дар китобхона

Дар бораи муаллиф

Бузургмеҳри Баҳодур (Салимов Бузургмеҳр Баҳодурович; зод. 9 июни 1992, ноҳияи Ғончӣ, вилояти Суғд, Тоҷикистон) — шоир, тарҷумон ва рӯзноманигори тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2017).

Зиндагинома

Бузургмеҳри Баҳодур 9 июни соли 1992 дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич (дар гузашта Ғончӣ) ба дунё омадаст. Соли 2010 ба факулати филологияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи устод Сотим Улуғзода дохил шуда, онро соли 2015 хатм кард. Солҳои 2014—2016 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар зинаи магистратура таҳсилро ба поён оварда, фаъолияти меҳнатиашро дар моҳномаи «Истиқбол» оғоз бахшид. Аз соли 2015 то ҳол корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» аст.

Фаъолияти эҷодӣ

Бузургмеҳри Баҳодур аз даврони мактабхонӣ шеър эҷод мекард. Соли 2016 нахустин маҷмўаи шеъраш бо номи «Ҳамболи турнаҳо»[1] ва соли 2019 китоби дувумаш — «Баҳор овардан осон нест» дар нашриёти «Истиқбол» нашр гардиданд. Соли 2020 маҷмӯаи шеърии «Соғари садо»-и ӯро нашриёти «Адиб» аз чоп баровард.

Аз соли 2017 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Намунаи шеърҳояш бо забонҳои англисӣ (дар китоби «25 дарахти сабз»), русӣ, чинӣ ва узбекӣ (дар китобҳои «Тенгдошлар» ва «Марҳабо, ёруғлик» (2021) тарҷумаву нашр шуданд.

Ҷоизаҳо

  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2019)

  • Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2017)

Соли 2018 бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт қадр гардид.

Аз Википедия

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китобхои Бузургмехри Баходур ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).