Фарзона
Фарзона
таваллуд 03.11.1964
6 китоб дар китобхона

Дар бораи муаллиф

ФАРЗОНА (Иноят Хоҷаева) 3 ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи омӯзгорон чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Падараш омӯзгори фанни таъриху фалсафа ва модараш аз муҳаққиқони адабиёти ҷаҳон ва хоса адабиёти рус буданд.

Фарзона соли 1985 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Fафуров)-ро хатм намуда, як муддат дар ҳамин муассисаи таълимӣ дарс гуфтааст. Сипас, дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», баъдан ҳамчун мушовири бахши назми шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намуд. Ҳамчунин дар баробари мушовирӣ котиби масъули Кумитаи вилоятии Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Fафуров ва узви ҳайати таҳрири чандин рӯзномаву маҷаллоти кишвар ва хориҷи он аст.

Нахустин шеърҳояшро Фарзона дар овони таҳсил дар мактабхонӣ гуфтааст. Дертар, дар овони донишҷӯӣ майли ӯ ба шеъргӯӣ бештар шуда, чанд шеъраш дар рӯзномаи донишгоҳии “Маҳорати педагогӣ” ва нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» дарҷ гардиданд. Соли 1984 дар нашриёти “Ирфон” маҷмуаи дастҷамъии “Риштаборон” силсилаи шеърҳо ба чоп расид. Ашъори ӯ дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Маориф ва маданият”, “Адабиёт ва санъат”, маҷаллаҳои “Садои Шарқ”, “Занони Тоҷикистон”, “Дружба народов”, “Звезда Востока” ва ғайра пайваста интишор меёфт. Силсилаи дигари шеърҳои ӯ дар маҷмуаи “Барги сабз” ва маҷмуаи нахустинаш «Тулуи хандарез» соли 1987 дар Душанбе нашр шуд. Дар пешгуфтори ин китоб устод Лоиқ Шералӣ навиштааст, ки дар шеъри ӯ «пораҳои асил, ташбеҳу истиораҳои ғайримунтазира, паҳлугардониҳои хаёлангези сухан, суханбозиҳои ширин, назари поки ошиқона ба зиндагӣ, ба инсон, ба замон, нигариши хосаи шоирона ба ашёи тасвиршаванда ва ҳаводиси ғарази шеър, иборапардозиҳо ва истифода аз таъбирҳои корхӯрдаи классикӣ ва фарҳанги мардум моро итминон медиҳад, то мо ба ояндаи файзбахши назми Фарзона имон биёварем».

Фарзона Лоиқ Шералиро нахустин устоди худ дар ҷодаи шеър меҳисобад ва ҳамеша мадюни ғамхориву дастгирии ин бузургвор аст. Ӯ воқеан ҳам аз мактаби бузургтарин устодони сухан сабақ омӯхта, аз шеъре ба шеър, аз маҷмуае то маҷмуаи дигар худро сохтааст.

Маҷмуаҳои ашъори ӯ бо номҳои «Шабохуни барқ» (Душанбе, 1989), «Ояти ишқ» (Душанбе, 1994), «То бекаронаҳо» (Хуҷанд, 1998), «Меъроҷи шабнам» (Душанбе, 2000), «Қатрае аз Мӯлиён», дар се ҷилд (Хуҷанд, 2003), «Як ғунча роз» (Хуҷанд, 2005), «Муҳри гули мино» (Хуҷанд, 2006), «Сад барги ғазал» (Хуҷанд, 2008), «Саду як ғазал» (Душанбе, 2011), «Себарга» (Хуҷанд, 2011), «Парниёни ҷон» (Душанбе, 2011) ва ғайра интишор шудаанд.

Соли 2014 ду китоби шеъраш «Ҳама гул, ҳама тарона» (дар ду ҷилд) ва «Девон» (иборат аз 500 ғазал) дар Хуҷанд, инчунин китоби мақолот ва сафарномаву ёдномаҳояш таҳти унвони «Дарёи сӯзон» (Душанбе, Адиб, 2014) ба табъ расиданд. Худи ҳамон сол маҷмуаи ашъори ӯ бо номи «Маро, эй шеър тармими дигар кун» ба хати форсӣ ва маҷмуаи ашъораш дар Олмон ба забони олмонӣ дар тарҷумаи А.Ҳайзер ба чоп расиданд. Соли 2018 маҷмуаи шеърҳои ӯ «Сини салом» ва соли 2019 “Найшакар”, “Найсон”, “Ношири баҳор”, соли 2020 – “Арғунуни офтоб”, “Модарнома” дастраси алоқамандон гардид.

Силсилаи ашъори ӯ дар кишварҳои гуногун: Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Покистон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Яман, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ғайра интишор ёфтааст. Дар Русия ашъори Фарзона дар тарҷумаи Т.Смертина бо номи «Двадцать лепестков» чоп шудааст (Москва, Советский писатель, 1990). Дар Лондон китоби шеърҳои ӯ бо номи «Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ» (2008, бо забонҳои форсиву англисӣ), дар Белоруссия «Мунтахабот» («Избранное», 2009), дар Ӯзбекистон «Ишқ тасбеҳи» (2017) ва «Саҳарнам» (2025) ба чоп расид.

Бо алифбои форсӣ маҷмуаҳои ашъори Фарзона бо номҳои «Сояи ғазал» (Самарқанд, 1995), «Паёми ниёгон» (Теҳрон, 1996), «Сӯзи нотамом» (Теҳрон, 2005), «Набзи борон» (Теҳрон, 2013), «Маро, эй шеър, тармими дигар кун» (Лондон-ШМА, 2014), «Аз Балху Ҳинду Шероз» (Деҳлӣ, 2020) ва бо ҳамин ном чопи дувуми он (Теҳрон, 2022), «Ҳамосаи панҷгона» (Сурия, 2022) ба табъ расидааст. Солҳои 2024-2025 китобҳои зерини Фарзона интишор ёфтанд: «Қанди баста», «Сетор», «Саҳарнам», «Модарҷон».

Фарзона дар кори тарҷумонӣ низ ҳунар озмудааст ва осори Эсхил, Шекспир, Гёте, Гейне, Экзюпери, Байрон, Пушкин, Фёдор Тютчев, Афанасий Фет, Иван Бунин, Анна Ахматова, Марина Светаева, Сергей Есенин, Александр Блок, Темур Зулфиқоров, Абай, Мухтор Шоҳонов, Юлиан Тувим, Ли Бо, Ду Фу ва ҳойкуҳои шоирони ҷопониро тарҷума кардааст.

Ӯ ба унвони “Шоири халқии Тоҷикистон" (2001), Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Турсунзода (1995), Ҷоизаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) ва ордени “Шараф” (1999) мушарраф гардидааст. Силсилаи шеърҳояш дар Бағдод (1997), Афғонистон (2018) ва дар Эрон (2019) сазовори Ҷоизаи “Шеъри сол” шудааст.

Дар иртибот бо шеъри Фарзона чандин нафар муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла Сарфароз Юнусов, Тайиба Бобоева, Зоҳидҷон Қӯрғонов, Фарзона Алишерзода, Дилшода Ҳазратқулиён (Ӯзбекистон), Парвонаи Барорпур, Суҳайло Ҳусейнӣ (Эрон), Масъуди Мирзо (Ӯзбекистон), Наргис Раҳимова, Асмоа Аҳмад (Миср) ва дигарон рисолаҳои илмӣ навишта, дифоъ кардаанд. Китобҳои С.Юнусов, Д. Фарҳодзод, Т.Бобоева, Парвонаи Барорпур, У. Ғаффоров, М.Мирзоюнус, Муҳаммадзод Хоҷамуҳаммад ва А.Самадов ба ҳунари шоирӣ ва тарҷумонии Фарзона ихтисос ёфтаанд. Дар матбуоти даврӣ ва китобҳои дастҷамъӣ мақолаҳои зиёди донишмандон ва адибони номвари Тоҷикистон ва кишварҳои дигар дар бораи Фарзона ва шеъри ӯ интишор ёфтааст.

“Осорнома”-и Фарзона (мураттиб Матлубаи Мирзоюнус) соли 2022 ба табъ расида, ағлаби осори матбуи уро то соли 2019 дар бар гирифтааст. Дар маҷмуаи “Шоири фарзонаи дил” (мураттиб Шаҳнавоз Каримзода, 2024) ашъори эҳдоӣ ба Фарзона ҷамъ оварда шудааст.

Ашъори Фарзона дар шаклҳои гуногуни шеърӣ, аз ҷумла рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, маснавӣ, чаҳорпора ва шеъри нав гуфта шудааст. Мавзуоти ашъори ӯ иҷтимоиву ахлоқӣ, милливу башарӣ, ошиқонаву орифона, фалсафиву андарзӣ ва ғайра мебошанд. Осори мансураш дар шакли мақолаву очерк, меҳрномаву ёднома, пешгуфтору сафарномаҳо интишор ёфтаанд.

Дар маҷмуъ 50 китоби Фарзона то ин дам ба табъ расидааст. Аз ин миён 15 китоб дар кишварҳои хориҷа Россия, Ӯзбекистон, Белоруссия, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Ингилистон, Олмон, ШМА, Сурия ва ғайра интишор ёфтаанд.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китобхои Фарзона ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).