Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ
01.01.1928 — 05.04.2003
2 китоб дар китобхона

Дар бораи муаллиф

Гулчеҳра Сулаймонӣ (1 январи 1928, Бухоро — 5 апрели 2003, Душанбе) — шоири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (1988), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1977) барои маҷмӯъаҳои бачагона «Себи хубонӣ» ва «Чил кокули бозингар»[1], узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз 1957).

Зиндагинома

Гулчеҳра Сулаймонӣ дар хонаводаи шоири шаҳиру навовар Пайрав Сулаймонӣ 1 январи соли 1928 дар шаҳри бостонии Бухоро, ба дунё омадааст. Хатмкардаи омӯзишгоҳи духтарона (1943) ва Ин-ти давлатии педагогии Бухоро (1947).

Дар газетаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз», 1950–51, мудири шуъба), маҷаллаи «Пионер» («Машъал», ҳоло «Истиқбол», 1951–1954, мудири шуъба), шуъбаи атфоли Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1954−1961, мудир), маҷаллаи «Садои Шарқ» (1961−1970, мудири шуъба), шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони нашриёти «Маориф» (1971–1977, мудир), маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирӯза», 1977–1984, ҷонишини сармуҳаррир) кор кардааст. Аз соли 1988 бознишаста ва машғули кори эҷодӣ буд.

Гулчеҳра Сулаймонӣ 5 апрели соли 2003 аз олам даргузашт.

Эҷодиёт

Гулчеҳра Сулаймонӣ муаллифи зиёда аз 20 маҷмӯаи ашъор мебошад. Маҷмӯаҳои «Имрӯз ид» (1957), «Ду бех олу» (1962), «Наргис» (1966), «Чархофалак» (1971), «Аспак» (1971), «Чил кокули бозигар» (1973), «Себи хубон» (1974), «Шаддаи марҷон» (1976), «Илҳом» (1977), «Рангинкамон», «Ниҳол» (ҳар ду 1979), «Айёми гули лола» (1982), «Таронаҳои офтобӣ» (1984), «Куртаи чакан» (1989), «Сичароғ» (1989), «Лолаҳои дасти ман» (1998), «Меҳргоҳ» (1999) ва ғ. ба қалами Гулчеҳра Сулаймонӣ тааллуқ доранд. Мавзӯи асосии эҷодиёти Гулчеҳра Сулаймонӣ васфи ҳаёти хуррами инсоният, тантанаи ғояҳои пешқадами замон, мақоми занон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва меҳнати бунёдкоронаи халқ мебошанд. Қаҳрамони шеърҳои ӯ одамони заҳматдӯст буда, идеалҳои олии ҷамъияти адолатпарварро ҷонибдорӣ мекунанд. Гулчеҳра Сулаймонӣ асосан барои бачаҳо эҷод мекард. Олами кӯдаконро шоирона дарк карда, дар шеърҳояш орзуҳои наҷиб, хислатҳои нек, ҳолати рӯҳӣ, тарзи тафаккур, кирдору пиндори онҳоро бо диди тоза тасвир менамуд. Бисёр шеъру таронаҳояш ба сурудҳои дӯстдоштаи бачагон табдил ёфтаанд. Гулчеҳра Сулаймонӣ дар ситоиши модарбузург (бибӣ) аз забони кӯдакон вобаста ба завқи онҳо кашфиёти бадеӣ намудааст:

Тарҷумаи осор

Китобҳои Г. ба забонҳои русӣ − «Карусель» 1967, «Солнце золотое» − 1969, «Дождик» − 1972, «Мамино платье» − 1972, «Сорок косичек» − 1974, «Яблоко Хубон» − 1975, «В гостях у бабушки»−1978, «Полевой цветок»−1980, «Песня мамина слышна» − 1982, «Детская литература» − 1983, «Бусинки»−1992, украинӣ − «Сорок сестричок» (1974), «Карусель» (1995), молдавӣ − «Карусель» (1975), ӯзбекӣ − «Помир чечаклари» (1977), белорусӣ − «Сорок игривых косичек» (1982), қазоқӣ − «Қырық бурым» (1983), чехӣ − «Деревушка Сечарог» (1985) ва дигар забонҳои дунё тарҷума ва нашр шудаанд. Шеърҳои бачагонаи шоирони рус − Агния Барто, Вера Инбер, Демян Бедний, Наталя Данилова Мария Малсева, Сергей Михалков, Самуил Маршак, Людмила Татяничева, арман − Силва Капутикян («Мо ба Маскав омадем»), Сурен Муродян («Суруди хаткашон»), украин − Леся Украинка, Галина Бойко, Андрей Кочан, Артур Волский, Иван Тарба, ӯзбек − Қуддус Муҳаммадӣ, Ҳамидулло Ёқубов, литвонӣ−Янина Дегутайте, озарӣ − Хонумона Алибейлӣ, қазоқ − Ҷамбул Ҷабаев, туркман − Қаюм Тангриқулиев («Анор»), Нурӣ Байрамов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Ҷоизаҳо

Бо медали ордени «Дӯстии халқҳо» (1986) «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» (1970), Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1976), сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1957.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китобхои Гулчехра Сулаймони ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).