Ҷумъақул Ҳамроев
Ҷумъақул Ҳамроев
таваллуд 07.07.1947
1 китоб дар китобхона

Дар бораи муаллиф

Ҷумъақул Ҳамроев (Ҷумъа Ҳамроҳ) (07.07.1947, ш. Турсунзода), доктори илмҳои филология (2006), профессор (2011).

Зиндагинома

Соли 1968 шуъбаи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, дар ҳамин ҷо ба сифати корманди илмӣ, мудири шуъбаи дастхатҳои китобхонаи илмии донишгоҳ хидмат намуда (1969-1977), минбаъд муаллими кафедраи педагогика ва психология (1978-2001), муаллим, дотсент (2001-2007) ва аз 2007 мудири кафедраи адабиёти тоҷик Донишгоҳи давлатии Самарқанд кор кардааст. Ба яке аз бахшҳои адабиётшиносӣ-нақди бадеӣ таваҷҷуҳ намуда, махсусияти онро дар баррасии осори мансуру манзуми адибони муосири тоҷик нишон додааст. Ковиши илмиаш хусусан бобати танқиди адабии солҳои 60-80-уми асри гузашта ва таъсири он ба пешрафти адабиёти тоҷик шоистаи ситоиш мебошад.

Осор

  • Таджикская критика прозы в 60-е начале 80-х годов. – Д., 1990;

  • Нақди Юнони қадим ва шеъри форсӣ-тоҷикӣ. – Самарқанд, 2001;

  • Ҷараёнҳои адабӣ. – Самарқанд, 2002; Нақди насри бадеии тоҷикӣ. – Д., 2005;

  • Адабиёт. Китоби таълимӣ. – Тошканд, 2005; Нақди шеър. – Д., 2006;

  • Шоири тавоно ва мутафаккири ҳамадон. – Таш., 2007;

  • Таджикская литературная критика в 60-80-х годах ХХ века: (самосознание критики, критика поэзии, критика прозы): Дисс… доктора филол. наук. – Д., 2006;

  • Таърихи адабиёти навини тоҷик. Китоби дарсӣ. – Тошканд, 2015.

Аз Википедия

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китобхои Чумъакул Хамроев Чумьакул Хамроев Чумакул Хамроев ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).