PDF
Дар бораи муаллиф
Лоиқ Шералӣ (20 майи 1941, деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент, вилояти Суғд — 30 июни 2000, Душанбе) — шоири маъруфи тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон.
Лоиқ Шералӣ дар оилаи колхозчӣ ба дунё омад. Мактаби деҳа, Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент ва факултети таъриху филологияи Донишкадаи педагогии Душанберо (1963) хатм кард. Солҳои 1963–1965 муҳаррири шӯъба дар Кумитаи радио-телевизион, 1965–1966 ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», 1967–1975 мудири шӯъба дар маҷаллаи «Садои Шарқ», 1975–1991 мушовири назм ва сармуҳаррири маҷалла буд. Солҳои 1991–2000 раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ буд.
Лоиқ Шералӣ соли 1978 барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, соли 1991 сазовори унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» ва соли 1999 барандаи Ҷоизаи байналхалқии «Нилуфар» гардид.
Аз китобҳои ӯ: «Сари сабз» (1966), «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо» (1972), «Ташнадил» (1974), «Хоки Ватан» (1975), «Резаборон» (1976), «Марди роҳ» (1979), «Варақи санг» (1980), «Хонаи чашм» (1982), «Рӯзи сафед» (1984), «Хонаи дил» (1986), «Офтобборон» (1988), «Дасти дуои модар» (1991), «Куллиёт» (2001, 2008), «Девони пирӣ» (2008), «Саду як ғазал» (2013).
Фишурда аз Википедия