Матлубаи Мирзоюнус
Матлубаи Мирзоюнус
таваллуд 07.09.1958
8 китоб дар китобхона

Дар бораи муаллиф

Матлубаи Мирзоюнус соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, баъди хатми факултети забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Ленинобод (алҳол ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров, 1980) дар аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи А. Горкийи АФ СССР таҳсилро давом додааст.

Рисолаи номзадиаш ба таҳаввули адабиёти муосири халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон бахшида шуда, зери раҳнамоии адабиётшиноси номвар, профессор З. Г. Османова дифоъ гардидааст. Фаъолияти илмӣ-омӯзгории М. Мирзоюнус дар кафедраи адабиёти рус ва хориҷии ИДПЛ ба номи С. М. Киров оғоз ёфта, сипас бо кафедраи адабиёти тоҷик иртибот ёфтааст. Солҳои 1992-1995 дар докторантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда, бо раҳнамоии академик Муҳаммадҷон Шукуров дар мавзӯи “Сабки фардӣ ва тамоюлҳои услубӣ дар насри муосири тоҷикӣ” рисолаи докторӣ дифоъ намуд.

Мавсуф солҳои 1995-1997 дар вазифаи профессори кафедраи адабиёти тоҷик, аз соли 1997 мудири каедраи журналистика ва назарияи тарҷума, солҳои 2008-2011 декани факултети филологияи тоҷик буд. Соли 2011 директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои гуманитарӣ ва солҳои 2012-2016 ба сифати муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият намуд. Аз соли 2016 ҳамчун профессори донишгоҳ ва ходими пешбари пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарӣ фаъолияти омӯзгорӣ ва тадқиқиашро идома медиҳад.

Профессор Матлубаи Мирзоюнус муаллифи зиёда аз 20 китоб ва 500 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ дар заминаи адабиётшиносӣ, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, нақди адабӣ, равобити адабӣ ва тарҷума, матншиносӣ ва сарчашмашиносӣ мебошад. Маҷмӯаи мақолаҳои “Дар ҷустуҷӯи ҷони сухан” (1993), рисолаҳои “Масъалаҳои сабкшиносӣ” (1994), “Таҳқиқи услуби осори бадеӣ” (1994), “Пушкин и Восток” (1999), “Голубая родина Фирдуси” (ду китоби охир бо ҳаммуаллифии Бароат Ҳоҷибоева, 2011), “Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо” (2016), “Сабкшиносии насри муосир”(2018), “Творческое содействие писателей Центральной Азии”(2018), “Шарҳи шаст шеъри Фарзона”(2019), “Наследие Камола Худжанди”(2022), “Аз таърихи адабиёти охири асри Х1Х-ибтидои садаи ХХ”(2023) асарҳои арзишманди илмӣ шинохта ва эътироф шудаанд. Ӯ ташаббускори тадқиқи нақши занони суханвар дар таърихи адабиёт мебошад, ки маҳсули таълифоташ дар силсилаи “Хубони форсигӯй” бо номҳои “Сиришке дар лола”, “Шукуфаи андӯҳ”, “Шамъи тироз”, “Ҳамзоди тӯфон” нашр шудаанд. “Девон”-и Моҳшарафхонум мутахаллис ба Мастураи Курдистонӣ ва “Ҳама гул, ҳама тарона”-и Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона низ бо кӯшиши М. Мирзоюнус ба табъ расидаанд. Китоби ӯ дар бораи Маҳастӣ се маротиба нашр шуд. Нашри охирин дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нашриёти “Хирадгон” (2025) сурат гирифт.

Профессор Матлубаи Мирзоюнус дар таҳия ва нашри “Ҷавоҳир-ул-аҷоиб”-и Фахрии Ҳиравӣ, “Девон”-и Абулфазли Сирати Бухороӣ, “Тазкират-уш-шуаро”-и Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ, мунтахаби “Сабкшиносӣ”-и Баҳор, ашъори Рӯдакӣ, Ҳофиз, Камол, Гурухсор, Фарзона, Гёте, Пушкин, Марина Цветаева, Анна Ахматова ва дигарон хидмат кардааст.

Таҳия ва нашри китоби “Абдураҳим Ҳоҷибоев: Осор ва пайкор” оид ба корномаи нахустин раиси Шӯрои комиссарони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рисолаи ҷудогонаи арзишманди ин чеҳраи сиёсӣ таҳти унвони “Тоҷикистон” (ба забони русӣ) низ аз ҷусторҳои муҳими М.Мирзоюнус ва гурӯҳи ҳамкоронаш мебошанд.

Профессор М. Мирзоюнус иштирокчии силсилаи конфронсу ҳамоишҳои бонуфузи илмии байналмилалӣ буда, ба ин муносибат ба кишварҳои Русия, Испания, Олмон, Амрико, Афғонистон, Эрон, Молдова, Эстония, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ғайра борҳо сафар кардааст. Ҳамзамон дар ташкили чорабиниҳои илмӣ ва ҳамоишҳои байналмилалии “Ҷойгоҳи Мавлоно Румӣ ва Гёте дар муколамаи фарҳангҳо”, “Ҷойгоҳи Рӯдакӣ ва забони тоҷикӣ дар муколамаи фарҳангҳо”, “Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо” ва ғайра саҳми бевосита гузоштааст.

Дар мактаби илмии профессор М. Мирзоюнус қариб 30 нафар муҳаққиқони ҷавон оид ба масъалаҳои мухталифи нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ, адабиёти гузаштаву муосир, тарҷума ва равобити адабӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд.

Матлубаи Мирзоюнус Корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи медали “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷиикистон”, узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи тиллоии Пушкин, Ҷоизаи адабии Камоли Хуҷандӣ, Ҷоизаи Шаҳриёр, Ҷоизаи “Олими сол”-и донишгоҳ, аъзои ҳайати таҳририяи якчанд маҷаллаҳои бонуфузи илмии хориҷӣ ва дохилӣ, раиси Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси филология дар заминаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китобхои Матлубаи Мирзоюнус ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).