Мирзоабдуллоҳи Файёз
Мирзоабдуллоҳи Файёз
1847 — 1933
1 китоб дар китобхона

Дар бораи муаллиф

Мирзоабдуллоҳи Файёз аз шоирони ҳунарманди Хуҷанди нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри ХХ аст. Ӯ соли 1847 дар маҳаллаи таърихии Миряъқуби Девонбегии ин шаҳр таваллуд шуда, соли 1934 вафот кардааст.

Файёз (арабӣ «Олиҳиммат») тахаллуси шоирии ӯ, номаш Мирзо ё Ҳоҷӣ Абдулло-писари мулло Исматуллои нонвой мебошад. Азбаски хунари соатсозӣ дошт ва муддате дар бонк тарҷумонӣ ҳам карда буд, ӯро «Ҳоҷӣ Абдуллои соат», «Ҳоҷӣ бобои соатсоз», «Мирзои бонк» ва аз сабаби дар Самарқанд зиндагиву кор карданаш «Файёзи Самарқандӣ» ҳам меномиданд. Ӯ кишваршиноси соҳаи таърих, ҳунарманду сайёҳ, коллексионер, кандакор, муҳркану қолабкан, устои соат, диагностик, дорусоз, табиб, хаттот, назариячии соҳаи шоҳмотбозӣ, донандаи забонҳо, тарҷумон, маорифпарвару ситоишгари дӯстии халқҳо буд. Таҳлили асару фаъолияти номбурдаи ӯ, жанр ва мавзӯи шеърҳояш, хуллас, мероси то моён расидаи Файёз, дар ҳақиқат ҳам, аз арбобони ҳунарманди замонаш будани ӯ шаҳодат медиҳад. Файёз чун сайёҳу кишваршинос ба шаҳрҳои Осиёи Миёнаву Русия (Шамай, Семипалатинск, Окмулло, Москва, Санкт-Петербург, Одесса, Мамолики Ғарб - Франсия, Швейтсария, Шарқ - Арабистон, Миср, Искандария, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркия ва Эрон) сафар намуда, бо тарзи зиндагӣ, урфу одат, фарҳанги онон шинос шуда, ҷиҳатҳои прогрессивии онҳоро тарғиб кардааст.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китобхои Мирзоабдуллохи Файёз Мирзоабдуллохи Файез Мирзоабдуллохи Фаёз Мирзоабдуллохи Фаез ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).