Муҳйии Хӯқандӣ
1838 — 1911
1 китоб дар китобхона

Дар бораи муаллиф

Мулло Ҳоҷӣ Муҳйиддин ибни Муҳаммад Охунзодаи Ҳиравӣ мутахаллис ба Муҳйӣ соли 1838 дар Қандаҳори Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ дар зодгоҳаш соҳиби хату савод гардида, бо маслиҳати падараш барои таҳсили илму дониш ба шаҳри Бухоро омадааст.

Пас аз хатми мадрасаҳои Бухоро Муҳйӣ ба шаҳри Хӯқанд ба дидани шарикдарсаш Қозӣ Холиқҷон рафта, бо хоҳиши ӯ дар он ҷо муқим гаштааст. Ӯ дар он ҷо забони ӯзбекиро азхуд намуда, ба таълими толибону наврасон мепардозад. Муҳйӣ ба муҳити адабии Хӯқанд пайваста, бо шоирон Муқимӣ, Фурқат, Нисбатӣ, Мухайяр, Завқӣ дӯстиву мушоара менамояд. Ӯ ҳамчунин ба дарбори ҳокими онвақтаи Хӯқанд – Маллахон кашида шуда, солҳои 1859-61 ба сифати сафир ба кишварҳои Афғонистон, Ҳиндустон, Туркияву Эрон фиристода мешавад. Худоёрхон бошад ба Муҳйӣ таълиму тарбияи фарзандаш Насриддинбекро вогузор менамояд.

Азбаски Муҳйӣ дар аксарияти умрашро дар Хӯқанд сипарӣ намудааст, ба Муҳйи Хӯқандӣ машҳур гардидааст. Ӯ ба шаҳрҳои Самарқанд, Шаҳрисабз, Тошканд ва ба кишварҳои Ҳиндустону Туркияву Арабистон сафарҳо кардааст.

Муҳйӣ соли 1874-75 ба сафари Каъба рафта, аз он ҷо ба Афғонистон ва баъдан ба Хӯқанд баргашта, то поёни умр дар он ҷо мемонад. Соли 1911 Муҳйӣ барои дидани яке аз дӯстонаш ба Андиҷон сафар карда, 4 майи ҳамон сол дар он ҷо вафот мекунад ва дар қабристони Хоҷа Саъдуддини Фарғонӣ мадфун мегардад.

Девони Муҳйӣ аз ғазалиёт, рубоиёт, қитаъот ва мухаммасу таърих иборат буда, бо ду забон – форсиву ӯзбекӣ дар Тошканд ба табъ расидааст.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китобхои Мухйии Хуканди ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).

Китобҳои муаллиф