Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ
1141 — 1209
9 китоб дар китобхона

Дар бораи муаллиф

Низомии Ганҷавӣ (номи пурра — Абӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид; тахаллусаш «Низомӣ»; тахминан 1141, Ганҷа — тахминан 1209, Ганҷа) — шоир ва мутафаккири бузурги форс-тоҷик, яке аз устодони бузурги маснависароӣ.

Хонадони Низомии Ганҷавӣ аз табақаи миёнаи аҳолии шаҳри Ганҷа буд. Ӯ падарашро барвақт аз даст дод ва зери сарпарастии модар ба воя расид. Дар илмҳои фиқҳ, калом, фалсафа, ҳайат, ҷуғрофиё, нуҷум, риёзиёт, тиб ва кимиё дониши фаровон касб кард. Бо шоир Хоқонии Шервонӣ дӯстӣ дошт.

Асари машҳури ӯ «Хамса» («Панҷ ганҷ») аз панҷ маснавии калон иборат аст:

- «Махзану-л-асрор» (тахминан 1173–1180),

- «Хусрав ва Ширин» (1180–1181),

- «Лайлӣ ва Маҷнун» (1188),

- «Ҳафт пайкар» (1197),

- «Искандарнома» (1199–1201, аз ду қисм — «Шарафнома» ва «Иқболнома» иборат).

Ҳамчунин аз ӯ девони ғазалу қасидаҳо ба ёдгор мондааст.

Фишурда аз Википедия

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китобхои Низомии Ганчави ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).