PDF
Дар бораи муаллиф
Норинисо Алимуҳаммад (25 марти 1950, Хуҷанд — 19 марти 2018, Хуҷанд) — шоираи маъруфи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Норинисо дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд, дар оилаи марди донишманд Алимуҳаммад ба дунё омад. Падараш ӯро аз панҷсолагӣ ба хондани Қуръону ғазалҳои Ҳофиз ошно кард ва то ҳафтсолагӣ Норинисо тамоми Қуръон ва «Чоркитоб»-ро аз ёд кард. Пас аз даргузашти падар дар понздаҳсолагӣ, ӯ дар комбинати бофандагии Хуҷанд ба кор шурӯъ намуд — маҳз аз ҳамин ҷо нахустин шеърҳояш ба вуҷуд омаданд.
Аз соли 1967 асарҳояш дар рӯзномаҳо ба табъ мерасиданд. Маҷмӯаи аввалини ӯ «Дунёи умед» соли 1980 нашр шуд. Норинисо муаллифи қариб бист маҷмӯаи шеър, аз ҷумла маҷмӯаҳои ғазал, ба забони тоҷикӣ мебошад.
Соли 1998 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмаш дар рушди адабиёт бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуд.
Аз китобҳои ӯ: «Дунёи умед» (1980), «Оҳангҳои соҳил» (1983), «Гаҳвораи меҳр» (1988), «Сию се ғазал» (1993), «Лаҳзаи дидор» (2001), «Ошёнаи меҳр» (2004), «Дарёи муҳаббат» (2007), «Дар зери чархи гардун» (2013).
Фишурда аз Википедия
Китобҳои муаллиф
PDF