PDF
Дар бораи муаллиф
Қайсари Аминпур (форсӣ: قیصر امینپور; 22 апрели 1959, деҳаи Гутванд, устони Хӯзистон, Эрон — 30 октябри 2007, Теҳрон) — шоир ва муҳаққиқи эронӣ.
Зиндагинома
Қайсари Аминпур дар 2 урдибиҳишти 1338 (22 апрели 1959) дар Гетвенд, ки аз тавобеъи шаҳристони Шӯштар дар устони Хузистон буд, ба дунё омад. Падараш Мурод ном дошт. Давраи роҳнамоӣ ва мутавасситаро дар мадрасаи роҳнамои доктор Муъйин ва Оятуллоҳи Толиқонии Дизфул гузаронд ва дар соли 1357 (1978) дар риштаи домпизишкии Донишгоҳи Теҳрон пазируфта шуд, вале пас аз муддате аз таҳсил дар ин ришта инсироф дод.
Қайсари Аминпур дар соли 1363 (1984) бори дигар, аммо дар риштаи забону адабиёти форсӣ ба донишгоҳ рафт ва ин риштаро то мақтаъи доктаро гузаронд ва дар соли 1376 (1999) аз рисолаи доктории худ бо роҳнамои Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ бо унвони «Суннат ва навоварӣ дар шеъри муъосир» дифоъ кард. Ин рисола дар соли 1383 (2004) аз сӯи интишороти илмӣ ва фарҳангӣ мунташир шуд.
Ӯ дар соли 1358 (1974) ба ҳамроҳи Сайидҳасан Ҳусайнӣ аз ҷумлаи шоироне буд, ки дар шаклгирӣ ва истимрори фаъолитҳои воҳиди шеъри ҳавзаи ҳунарӣ то соли 1366 (1987) таъсиргузор буд. Вай тайи ин даврон масъулияти сафҳаи шеърии ҳафтҳномаи "Сурӯш"-ро бар ӯҳда дошт ва аввалин маҷмӯъаи шеъри худро дар соли 1363 (1985) мунташир кард. Аввалини маҷмӯъаи ӯ «Дар кӯчаи офтоб» дафтаре аз рубоӣ ва дубайтӣ буд ва ба думболи он «Танаффуси субҳ» теъдоде аз ғазалҳо ва ҳудуди бист шеъри нимоиро дарбар мегирифт, ки албатта баъзе ба иштибоҳ ин ашъорро сафед мепиндоранд. Ин китоб аз сӯи интишороти Ҳавзаи ҳунарӣ вобаста ба созмони таблиғоти исломӣ ба чоп расид. Аминпур ҳеч гоҳ ашъори фоқиди вазн насуруд ва дар айни ҳол ин навъи шеърро низ ҳаргиз рад накард.
Қайсари Аминпур тадрис дар донишгоҳро дар соли 1367 (1988) дар Донишгоҳи аз-Заҳро оғоз кард ва сипас дар соли 1369 (1990) дар Донишгоҳи Теҳрон машғули тадрис шуд. Вай ҳамчунин дар соли 1368 (1989) муваффақ ба касби Ҷоиза Нимо Юшиҷ мавсум ба "Мурғи омини булӯрин" шуд. Аминпур дар соли 1382 (2003) ба унвони Узв пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсӣ баргузида шуд. Вай дар соли 1386 (2007) бар асари бемории куллия ва қалб дар бемористони Дайи Теҳрон даргузашт.
Эҷодиёт
Осори манзумаш дар маҷмӯаҳои «Танаффуси субҳ» (1984), «Дар кӯчаи офтоб» (1984), «Тӯфон дар паронтез» (1986), «Зуҳри рӯзи даҳум» (1986), «Бе бол паридан», «Гуфтугӯҳои бе гуфтугӯ» (ҳарду 1991), «Оинаҳои ногаҳон» (1993), «Ба қавли парасту» (1996), «Гузинаи ашъор» (1999), «Гулҳо ҳама офтобгардонанд» (2001), «Шеър ва кӯдакӣ» (2006), «Дастури забони ишқ» (2007) ба табъ расидаанд. Инчунин Қайсари Аминпур рисолаи илмиеро дар мавзӯъи «Суннат ва навоварӣ» дар Теҳрон ҳимоя кардааст (1997). Қайсари Аминпур шоири навҷӯй ва навгӯй буд. Дар офариниши каломи манзум тарз ва услуби баёни хоси худро дошт. Қайсари Аминпур дар қолаби шеъри сафед ва шеъри суннатӣ эҷодиёти ирфонӣ ва ишқӣ дорад. Барои китоби «Мисли чашма, мисли рӯд» ӯ ба гирифтани ҷоизаи Нимо Юшиҷ (1989) сарфароз гардид. Узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форсӣ аз с. 2003.
Аз Википедия
Китобҳои муаллиф
PDF