PDF
Дар бораи муаллиф
Сайид Раҳмон 9 – майи соли 1941 дар деҳаи Тиҳиёни Ховалинг ба дунё омада, аввалин ҳарфҳои «Алифбо»-ро дар зодгоҳ аз шоир Мӯсо Ғулом омӯхтааст.
Соли 1953 аҳли оилаи онҳоро ба деҳаи Сариосёби Кӯлоб муҳоҷир меоранд ва адиб то имрӯз дар ин деҳа ҳамроҳи фарзандон зиндагии хушбахтона дорад.
Баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории Кӯлоб аз соли 1970 дар кори муаллимӣ, хабарнигори радиою телевизион ва рӯзнома фаъолият кардааст.
Аз соли 1997 то имрӯз маҷмӯа ва асарҳои ҷудогонаи адиб бо номи «Дунёи бевафо», «Зиндаҷудо», «Аз рӯзгоре то рӯзгорон», Маҷмӯаҳои шеърии «Сӯзи дил», «Резаборони тарона», романҳои «Шукронамарг», «Масъуди сипаҳсолор», маҷмӯаҳои насрии калонҳаҷм бо номҳои «Орзуе то ҷовидон», «Хушбахти олам» аз чоп баромада дар дасти хонандагон аст.
Романи «Масъуди сипаҳсолор» дар ҷамъбасти соли 2009 сазоври ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав дониста шуда, бо забони русӣ ва ҳуруфоти форсӣ ба табъ расидааст.
Маҷмӯаи мукаммали шеърҳои адиб бо номи «Боли орзу» дар нашрияи «Адиб» дар дасти чоп аст.