PDF
Дар бораи муаллиф
Валодати Ваҳшӣ зоҳиран дар нимаи аввали садаи даҳум дар Бофқ (бар сари роҳи Язду Кирмон) иттифоқ афтод, ба ҳамин сабаб Ваҳширо гоҳ Яздӣ ва гоҳ Кирмонӣ гуфта ва навиштаанд. Оғози ҳаёташ дар зодгоҳаш сипарӣ шуд ва дар онҷо ба ғайр аз бародараш дар хидмати Шарафуддин Алии Бофқӣ ба касби донишу адаб пардохт.
Ваҳшӣ пас аз омӯхтани муқаддамоти адаб аз Бофқ ба Язд ва аз он ҷо ба Кошон рафт ва чанде дар он шаҳр саргарми мактабдорӣ буд ва сипас аз рӯзгоре ба Язд бозгашт ва ҳамон ҷо монд ва ба шоирӣ ва ситоиши фармонравоёни он шаҳр саргарм буд то ба соли 991 ҳиҷрӣ ва падруди ҳаёт гуфт. Дар бораи иллати вафоташ суханоне ҳаст, ки агар рост бошад метавонад мояи шигифти хонанда гардад.
Масалан, баъзе навиштаанд, ки аз ифрот дар майхорагӣ мурд, бархе дигар муддаӣ шудаанд, ки вай бар дасти «маъшуқи бемуруввати худ кушта шуд». Ба ҳар ҳол Ваҳшӣ дар Язд даргузашт ва ҳамон ҷо дар кӯйи «Сарбурҷ» ба хок супурда шуд.
Ваҳшӣ марде покбоз, вораста, ҳассос, хурсанд, баландҳиммат ва гӯшагир буд. Ӯ бархилофи шоирони аҳди худ аз Эрон пой берун наниҳод ва ҳатто аз Бофқ танҳо чанд гоҳе ба Кошон ва боқии умрро ба Язд рафту ҳамон ҷо бимонд.
Мақсуди ӯ аз шоирӣ дар ҳақиқат иштиғол ба ҳунар ва адаб ва баёни андешаҳо ва эҳсосҳои худ аз он роҳ буд на касби мол ва андухтани симу зар. Даврони камоли шоириро дар Язд гузаронд ва барои касби маош танҳо ба ситоиши риҷоли Язду Кирмон пардохт. Дар девони ӯ қасидае дар ситоиши шоҳ Таҳмос ва моддаи таърихӣ дар бораи вафоташ дида мешавад, вале мамдуҳ ва ҳомии воқеии ӯ Мири Мирон аз наводагони духтари Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ва ҳокими Язд будааст. «Куллиёт»-и Ваҳшӣ иборат аз нуҳ ҳазор байт ва шомили қасида, таркибу тарҷеъ, ғазал, қитъа, рубоӣ ва маснавӣ аст. Қасидаҳои ӯ дар ситоиш ва таркибҳову тарҷеъҳояш, хоса мураббаъ ва мусаддаси онҳо ҳама аз назмҳои бисёр дилпазири аҳди Сафавӣ аст.
«Соқинома»-и тӯлонии ӯ, ки ба сурати тарҷеъбанд суруда дар навъи худ камназир аст ва ҳамин арзишро мусаддасу таркибҳо ва мураббаъву таркибҳои Ваҳшӣ дар шеъри ғиноии форсӣ дорад.
Шумораи ғазалҳояш 397 ададанд. Бо ин ҳама бояд ғазалҳои ӯро саромади шеърҳои ӯ дар ин роҳ донист чандон ки бештари онҳо дар сафи авал аз асарҳои ғиноии форсӣ аст. Ваҳшӣ ду маснавие ба истиқбол аз Хусраву Ширини Низомӣ дорад яке ба номи «Нозиру Манзур» ва дигаре ба номи «Фарҳоду Ширин».
Маснавии нахустин ба соли 966 ба поён расид ва фарогири 1569 байт аст ва аммо маснавии дуввум, ки аз шоҳкориҳои адаб дар адабиёти порсӣ аст, ҳам аз аҳди шоир шуҳрати бисёр ёфт, лекин Ваҳшӣ аз 1050 байтро навишта боқӣ аз онро Висоли Шерозӣ шоири машҳури садаи сездаҳуми ҳиҷрӣ суруда ва бо афзудани 1251 байт онро ба поён расонидааст.
Шоири дигар бо номи Собир баъд аз Висоли Шерозӣ 304 байт ба ин манзума афзуд.
Манзумаи дигаре, ки Ваҳшӣ ба пайравии Низомӣ суруда “Хулди барин” аст бар вазни “Махзан-ул-асрор” ва мураттаб ба ҳашт равза. Маснавиҳои кӯтоҳе аз Ваҳшӣ дар мадҳу ҳаҷв ва назоири онҳо боз монда, ки аҳамияти манзумаҳои ёдшударо надорад. Вай саъй дорад андешаҳои латифи худро ҳамроҳ бо авотифи гарм бо забони сода ва пур аз сидқ боз гӯяд, то битавонад ба воқеъ баён кунандаи сӯзҳову созҳо ва ҳолҳову розҳои худ бошад. Ба ҳамин сабаб аст, ки маснавиҳо ва ғазалҳои ӯ пур аз нуктаҳои дилпазир ва мазмунҳову фикрҳои тоза гардид ва махсусан, ғазалҳояш чунон бо эҳсосҳои сӯзанда ҳамроҳ шуда, ки гоҳ ба ахгарҳои сӯзон шабоҳат ёфтааст.
Китобҳои муаллиф
PDF