Адабиёти қадим (аз замонҳои қадим то асри VIII). Саидраҳмон Саидов

Муаллиф: Саидраҳмон Саидов

Бахш: Адабиёти муосир

Барчасп: Адабиёт

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2010

Саҳифа: 228

Андоза: 21 КБ

Адабиёти қадим (аз замонҳои қадим то асри 8)


Таърихи адабиёти тоҷикро берун аз таърихи халқи тоҷик омӯхтан имконнопазир аст, зеро он як қисми маданияти халкҳои эронинажод буда, ба таърихи маданияту фарҳанги он алоқамандона омӯхта мешавад.

Таърихи адабиёт адабиёти тоҷикро аз замонҳои қадим то асри VIII, аз асрҳои миёна то асрҳои ҳозира, ки тақрибан умри зиёда аз сеҳазорсола дорад, меомӯзад. Таърихи адабиёти беш аз 3000-солаи тоҷик асосан ба ду ҳисса ҷудо мешавад.

1. Адабиёти пешазинқилобии тоҷик — аз замони пайдоиши хат ва алифбо то соли 1917.

2. Адабиёти баъди инқилоб, аз соли 1917 то имрӯз.

Қонуниятҳои инкишофи ин ду марҳала (адабиёти тоинқилобӣ ва пасазинқилобии тоҷик) аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Адабиёти пешазинқилобии мо таърихи дуру дарозеро дар бар мегирад. Дар ин муддати тӯлонӣ дар зиндагии мардум дигаргунихои зиёде рух додаанд, ки вобаста ба он дар адабиёт низ тағйироти бисёре ба амал омадааст. Хусусияти адабиёти тоинқилобии тоҷикро зиддиятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии синфҳои антагонистии он ҷамъият муайян мекунад. Аз ин рӯ, адабиёт ҳамчун афкори ҷаҳонбинӣ тавассути ғояҳо, равияҳо, ҷараёнҳои адабию мазҳабӣ ва динӣ он зиддиятҳои синфии сиёсиву иқтисодии чамъияти феодалиро дар худ акс намудааст. Таърихи адабиёти тоҷик пайдоиш, инкишоф, сукути ҷараёну равияҳо ва жанру шаклҳои адабиро дар шароитҳои гуногуни таърих, дар ҳолати таърихиаш меомӯзад.


Калидвожаҳо: Китоби Адабиёти кадим (аз замонхои кадим то асри VIII), Саидрахмон Саидов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)