Адабиёти тоҷик. Синфи 6. Хоҷа Қурбон Тоҳирӣ

Муаллиф: Хоҷа Қурбон Тоҳирӣ

Бахш: Китобҳои дарсӣ / Синфи 6

Барчасп: Адабиёт

Ношир: Бебок, Маориф

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2022

Саҳифа: 200

Андоза: 1 МБ

Китоби дарсӣ барои синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. Нашри чорум.


Хонандагони азиз!

Адабиёт аз калимаи арабии «адаб» гирифта шудааст, ки маънои хушахлоқӣ, кирдори писандида, поктинатӣ, иффату (порсоӣ) ҳаё, донишу ҳунар ва таълиму тарбияро дорад. Тамоми ин сифатҳо, ки мансуби пиндору гуфтору рафтори неки инсонианд, ду ҷиҳати асосиро фаро гирифтаанд: яке – рафтори холӣ аз камбудиҳову нуқсонҳо, амалҳои зишту бад ва дигаре – ба маънои донишу ҳунар. Ба тариқи сода, адабиёт фаннест, ки одамиро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят менамояд.

Дар синфи шашум шумо аввал бо адабиёти шифоҳӣ, жанри шеърии рубоӣ, сипас чистону муаммо шиносоӣ пайдо карда, баъдан аз эҷодиёти шахсиятҳои варзидаи эҷодӣ– Унсурулмаолии Кайковус, Муҳаммади Ғазолӣ, Фаррухи Сиистонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Зиёуддини Нахшабӣ, Ибни Ямини Фарюмадӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ, Шавкати Бухороӣ, Нозими Ҳиротӣ, Аҳмади Дониш, Абулқосим Лоҳутӣ, Муъмин Қаноат, Саттор Турсун ва Сафармуҳаммад Айюбӣ баҳраманд мегардед.

Намунаҳое, ки аз эҷодиёти ин адибони бузурги адабиёти тоҷику форс барои мутолиа ва омӯзиши шумо пешниҳод гардидаанд, беҳтарин маводи маърифатӣ мебошанд. Ин қитъаҳои шеърӣ ва пораҳои насрӣ шодоб аз панду андарз ва ҳикмату афкори насиҳатомез буда, тафаккури бадеиву эстетикӣ, идроки арзишҳои волои инсонӣ ва малакаи пиндори дурусту воқеии зиндагии ояндаи шуморо равнақу сафо мебахшанд; ба шумо роҳи баҳрагириҳо аз таҷрибаи зиндагӣ ва расидан ба пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро фароҳам месозанд.


Калидвожаҳо: Китоби Адабиёти точик. Синфи 6, Хоча Курбон Тохири, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)