Адабиёти тоҷик дар асри XVI

Адабиёти тоҷик дар асри XVI. Усмон Каримов

Муаллиф
Нашриёт
Сол
Саҳифаҳо
228
Забон
Нашр дар сомона
03.09.2026

Дар бораи китоб

Дар ин асар бори нахуст сарчашмаҳои адабию таърихии асри XVI аз дидгоҳи адабиётшиносии имрӯза ба таври махсус таҳлил гардиданд.

Ин тартиби тадқиқро маҳз дар ин давра назар ба асрҳои дигари таърихи адабиёт хеле зиёд таълиф ёфтани сарчашмаҳои адабию таърихи тақозо намуд. Бинобар ин муаллиф аввал арзиши илмию адабии сарчашмаҳоро дар муқоисаву муонна бисёр дақиқ санҷида, сипас ба эътибори ин маълумоти пурқимат ҳаёти маданӣ ва умумияту тафовути доираҳои адабии Хуросону Мовароуннаҳрро аз назари тадқиқ гузаронд. Дар зимн ин тадқиқ мазмуну ғоя ва шеваи баёни мероси гурӯҳи адибони доираҳои шаҳрию ҳунармандӣ низ дар маркази диққат буд.

Муаллиф дар асар баробари эҳтиёҷи мубрами муҳаққиқони шарқшинос, адабиётшиносон ва муаллимону студентони мактабҳои миёнаву олӣ, майлу рағбати дӯстдорони таърихи адабиёти форсу тоҷикро низ дар назар дошт.

Калидвожаҳо барои ҷустуҷӯ
Китоби Адабиёти точик дар асри XVI Адабиети точик дар асри XVI, Усмон Каримов, бо забони тоҷикӣ (точики) PDF ройгон боргирӣ кардан (скачать бесплатно).