Анвои шеъри ғиноӣ (нимаи дувуми садаи ХХ). Аскар Ҳаким

Муаллиф: Аскар Ҳаким

Бахш: Адабиёти муосир

Ношир: Дониш

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2019

Саҳифа: 507

Андоза: 4 МБ

Ба таваҷҷуҳи хонандагон!

Дар асари тадқиқотии “Анвои шеъри ғиноӣ (нимаи дувуми садаи ХХ)” -и доктори илмҳои филологӣ Аскар Ҳаким яке аз муҳимтарину печидатарин масъалаҳои шеъри ғиноӣ, ки тақсимбандии анвои он мебошад, аз назари тоза ба таҳлил гирифта шудааст, ки дар навъи худ иқдоми аввалин аст. Дар он анвои шеъри ғиноии марҳалаи мазкур, ки воқеан аз ҳама пурмуҳтавотарину гуногунрангтарин ва саршори андешаҳои амиқу эҳсосоту таассуроти фарогир мебошад, аз ҷиҳати назариявӣ, таърихию адабӣ, мафкуравию муҳтавоӣ, ҳамзамон бо зебошинохтию сохторӣ ва сабку шакл тадқиқ карда шудааст. Маводи шеъри ғиноӣ аз андешаву эҳсосот, таассуроти ҷаҳони ботин, аносири олами ашё, тавсифу тасвир ва ёдмону ёдовариҳо ба ҳам меоянд, ки дар ин замина онҳо асосан ба панҷ навъ тақсимбандӣ ва ба баррасӣ гирифта шудаанд:

1. Шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ.

2. Шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ.

3. Шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ.

4. Шеъри ғиноии шахсиятӣ.

5. Шеъри ғиноии ҳикоятӣ.

Ашъори ғиноии дурахшонтарин чеҳраҳои ин марҳала – Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ ва дигарон тибқи ҳамин тақсимбандӣ ба тадқиқ омада, бад-ин васила асолати шеъри ғиноӣ, мухтассоти он, фардият ва умумияти эҷодиёти ин шоирон бо таҳлили амиқу нозукбинона, бурҳоноварӣ ва назардошти ҷараёни умумии шеъри муосири тоҷик муайян карда шудааст. Маълум аст, фарохии доманаи мавзӯъ тақозо мекунад, ки дар он ашъори шоирони дигар ҳам аз ҷиҳати назарияву амалия, муҳтаво ва хусусиятҳои бадеӣ ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷараёнҳои асосӣ ва маҷмӯи қонуниятҳои мафкуравию зебошинохтиро ҳамчун ҳодисаи гуногунҷабҳаи адабӣ ба эътибор гирифта, таърихи мукамммалтари шеъри ин марҳала ба вуҷуд оварда шавад. Кор дар ин самт давом дошта, ин тадқиқот яке аз ҷилдҳои “Аз таърихи адабиёти муосири тоҷик” маҳсуб мешавад.

Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ


Калидвожаҳо: Китоби Анвои шеъри гинои (нимаи дувуми садаи ХХ), Анвои шеьри гинои (нимаи дувуми садаи ХХ), Анвои шери гинои (нимаи дувуми садаи ХХ), Аскар Хаким, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)