Китоби дарсӣ барои синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри дуюм.
Фанни иқтисодиёт дар кулли муассисаҳои таҳсилоти умумии дунё таълим дода мешавад. Агарчи барномаи ин фан дар ҳамаи кишварҳо якхела нест, амалан ҳамаи барномаҳо ба омӯзиши масъалаҳои асосии иқтисодиёт: истеҳсолот, мубодила, тақсимот ва истеъмолот равона карда шудаанд. Дар баробари инкишофи хоҷагии ҷаҳонӣ ва ба вуҷуд омадани тағйироти куллӣ дар ҷаҳони муосир, бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани таълиму тарбияи насли наврас зарурати таҳия ва пешниҳоди китоби нави дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба миён омад.
Дар шароити муосири иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таълими фанни асосҳои иқтисодиёт дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавқеи махсусро касб карда, он ба ташаккул ёфтани тафаккури иқтисодии хонандагон ва аз тарафи онҳо оқилона истифода шудани донишҳои иқтисодӣ, ба вуҷуд овардани заминаҳо барои таҳсилоти минбаъдаи касбӣ, фаъолияти амалии ба мақсад мувофиқ ва самаранок нигаронида шудааст. Дар баробари дигар кишварҳои дунё, ин фан дар мактабҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таълим дода мешавад, аммо, мутаассифона, ҳаводорони омӯзиши ин фанни ҳаётан муҳимро мушкилоти сахте ба мисли набудани китоби дарсӣ бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) ҳамеша домангир аст. Ҳадафи асосии таҳияи китоби мазкур ҳалли мушкилоти хонандагон оид ба омӯзиши асосҳои иқтисодиёт мебошад, зеро инсони аз нигоҳи иқтисодӣ босавод, қобилияти на танҳо пешниҳод кардани ғояҳои нав, балки муайян кардани вариантҳои имконпазир, қабули қарорҳои самаранокро дар шароити маҳдудияти захираҳо дошта метавонад. Дар баробари ин, китоби мазкур барои толибилмоне, ки дар оянда хоҳиши интихоб кардани касбу ихтисосҳои ба иқтисодиёт вобастаро доранд, кумак мекунад.
Азнавсозиҳои иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ аз хонандагон тақозо менамояд, ки дар шароити бо суръати баланд тағйирёфтаистодаи муҳити иқтисодӣ онҳо бояд донишҳои умумиро оид ба иқтисодиёти оила, фирма (корхона), давлат ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз худ карда, маҳорати мутобиқ шудан ва самаранок фаъолият карданро дошта бошанд.
Дар доираи омӯзиши фанни асосҳои иқтисодиёт ба масъалаҳои ташаккул додани тафаккури иқтисодии хонандагон аҳаммияти махсус дода мешавад. Бо назардошти ин, таълими фанни мазкур имрӯз қисми таркибӣ ва муҳимми таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб мешавад. Робитаи мутақобили фанни асосҳои иқтисодиёт бо математика, технологияи иттилоотӣ, таърих, география ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ ба хонандагон имкони фаҳмиши комилан мувофиқро оид ба ҷаҳони муосир фароҳам меоварад.
Калидвожаҳо: Китоби Асосхои иктисоди. Синфи 11, Дилшод Фозилхонов, Исломбек Хоркашов, Малика Саидмуродова, Музаффар Имомназаров, Рахматулло Мирбобоев, Фахриддин Убайдов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)
