Баҳористон. Абдураҳмони Ҷомӣ

Муаллиф: Абдураҳмони Ҷомӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ

Барчасп: Китобхонаи мактаб

Ношир: Маориф ва фарҳанг

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2008

Саҳифа: 139

Андоза: 2 МБ

«Баҳористон»-и бехазон аз гаронмоятарин осори тарбиявӣ- ахлоқии адабиёти ҷаҳону форсизабон ва эҷодиёти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) буда, бештар аз 500 сол мешавад, ки дар тарбияти ахлоқи ҳамидаву атвори писандидаи инсоният ҳиссаи сазовор мегузорад.

Нашри ҳозира, ки нашри савуми илмӣ-оммавии асар дар Тоҷикистон мебошад ва ба 520-умин солгарди таълифи он мувофиқ меояд, матни мукаммали онро фароҳам оварда, бо сарсухани муфассал ва шарҳу тавзеҳоти мудаллал оро ёфтааст, то кори хонандагони азизи гуногунсолро осон гардонад.

Чунон ки худи Мавлоно дар муқаддимаи китоб менависад, «илтимос аз тамошойиёни ин риёзи холӣ аз хори мулоҳазаи аърозу хошоки мутолабаи аъвоз он, ки чун ба қадами иҳтимом бар инон бигзаранду ба назари иътибор бар инҳо бингаранд, боғбонро, ки дар тарбияташон хуни ҷигар хӯрдаасту дар танмияташон ҷони ширин бар лаб оварда, ба дуъое ёд кунанду ба санное шод гардонанд».


Калидвожаҳо: Китоби Бахористон, Абдурахмони Чоми, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)