
Ботаника. Китоби дарсӣ барои синфи 5-уми мактаби таҳсилоти умумӣ.
Шумо дар синфи 5 аз ин китоби дарсӣ таълим мегиред, тавассути мундариҷаи китоб шумо бо номгӯи фаслу бобҳои алоҳида шинос гардида, мавзӯъҳои лозимаро бо осонӣ дарёфта метавонед.
Дар охири ҳар як мавзӯъ бо мақсади санҷиши дараҷаи фаҳмишу дониши хонандагон саволҳои ба мавзӯъ дахлдор дода шудаанд. Пеш аз саволҳо аломати ? гузошта шудааст.
Ҳангоми омӯхтани фанни табиатшиносӣ ба шумоён маълум шуд, ки табиати зинда аз олами наботот ва ҳайвонот иборат аст. Илм ё фаннеро, ки бо табиати зинда сарукор дорад ва онро ҳаматарафа меомӯзад, биология ё ҳаётшиносӣ меноманд. Биология аз ду калимаи юнонӣ: «биос» — ҳаёт ва «логос» — таълимот иборат аст.
Ба ҷуз ҳайвонот ва растаниҳо дар табиат боз организмҳое (ё мавҷудотҳое) низ ҳастанд, ки ҳарчанд аломат ва хусусиятҳои ба растаниҳо монанд дошта бошанд ҳам, лекин рангашон сабз нест. Инҳо занбӯруғҳо мебошанд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи организмҳоро ташкил медиҳанд. Чунончӣ, баъзе намудҳои занбӯруғҳои хӯрданибоб, занбӯруғҳои мағорӣ ва ғайраҳо.
Инчунин, гурӯҳи махсусеро бактерияҳо ташкил медиҳанд, ки ниҳоят андозаи хурд дошта, онҳоро фақат бо туфайли асбобҳои калоннишондиҳанда, масалан заррабин (микроскоп), метавонед бубинед, ҳамин тавр, табиати зинда, ки онро фанни биология меомӯзад, аз 4 олам ё гурӯҳ иборат аст: бактерияҳо, занбӯруғҳо, растаниҳо ва ҳайвонот.
Калидвожаҳо: Китоби Ботаника (2011). Синфи 5, Мукбил Нигмонов, Саидали Султонов, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)