Ботаника (2019). Синфи 5. Камолиддин Баротзода ва дигарон

Ботаника. Китоби дарсӣ барои синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри 4-ум.


Шумо дар синфи 5-ум аз ин китоби дарсӣ таълим мегиред, тавассути мундариҷаи китоб шумо бо номгӯйи фаслу бобҳои алоҳида шинос гардида, мавзӯъҳои лозимаро бо осонӣ дарёфта метавонед.

Дар охири ҳар як мавзӯъ бо мақсади санҷиши дараҷаи фаҳмишу дониши хонандагон суолҳои ба мавзӯъ дахлдор дода шудаанд. Пеш аз суолҳо аломати ? гузошта шудааст.


Ҳангоми омӯхтани фанни табиатшиносӣ ба шумо маълум шуд, ки табиати зинда аз олами наботот ва ҳайвонот иборат аст. Илм ё фаннеро, ки бо табиати зинда сарукор дорад ва онро ҳаматарафа меомӯзад, биология ё ҳаётшиносӣ меноманд. Биология аз ду калимаи юнонӣ: «биос» – ҳаёт ва «логос» – таълимот иборат аст.

Ба ҷуз ҳайвонот ва рустаниҳо дар табиат боз организмҳое (ё мавҷудоте) низ ҳастанд, ки ҳарчанд аломат ва хусусиятҳои ба рустаниҳо монанд дошта бошанд ҳам, лекин рангашон сабз нест. Инҳо занбӯруғҳо мебошанд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи организмҳоро ташкил медиҳанд. Чунончи, баъзе намудҳои занбӯруғҳои хӯрданибоб, занбӯруғҳои мағорӣ ва ғайраҳо.

Инчунин, гурӯҳи махсусеро бактерияҳо ташкил медиҳанд, ки ниҳоят андозаи хурд дошта, онҳоро фақат ба туфайли асбобҳои калоннишондиҳанда, масалан, заррабин (микроскоп) метавонед бубинед. Ҳамин тавр, табиати зинда, ки онро фанни биология меомӯзад, аз 4 олам ё гурӯҳ иборат аст: бактерияҳо, занбӯруғҳо, рустаниҳо ва ҳайвонот.


Калидвожаҳо: Китоби Ботаника (2019). Синфи 5, Камолиддин Баротзода, Мехровар Гайратов, Мукбил Нигмонов, Саидали Султонов, Сайфиддин Давлатзода, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)