Чаҳорбоғи ғазал (Ахтарони адаб, 36). Ғании Кашмирӣ

Муаллиф: Ғании Кашмирӣ

Бахш: Адабиёти классикӣ, Назм, Шеър

Барчасп: Ахтарони адаб

Ношир: Адиб

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2018

Саҳифа: 480

Андоза: 2 МБ

Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Шавкати Бухороӣ, Ғании Кашмирӣ. Чаҳорбоғи ғазал. Ахтарони адаб, ҷилди 36. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Ҳуросонӣ. Муҳаррир Муҳтарам Ҳотам.


ҒАНӢ ДОДИ СУХАН ДОДА

Аз суханварони форсигӯйе, ки дар шибҳқораи Ҳинду Покистон зода, камол ёфта ва дар суханварӣ маҳбубияти беандоза касб кардаасту дар бораи ҳаёти сипаринамудааш маъхазҳои мавҷуда ба таври бояду шояд маълумоте надодаанд, Муҳаммадтоҳир маъруф ба Ғании Кашмирӣ мебошад.

Ғании Кашмирӣ дар шаҳри Сринигири Кашмир ба дунё омадааст. Соли таваллуди шоирро, дар заминаи ишораи маъхазу сарчашмаҳои мавҷуда ва радду бадали андешаҳои муаллифони онҳо ва муқобалаву муқоисаи суханварони ҳамзамонаш адабиётшиноси тоҷик Абдуллоҷон Ғаффоров соли 1608 муайян намудааст. Мавсуф аз илмҳои замон бархӯрдор буда, дар тазкираи Мирзо Муҳаммадтоҳири Насрободӣ омадааст, ки «Ғании Кашмирӣ дар таҳсили улум саъй намуда» ва дар зикри номи шоир Бобо Фиғонии Кашмирӣ ин ишораро оид ба Ғанӣ сабти тазкирааш менамояд: «Фиғонӣ Кашмирист. Хуштабиат ва суханшинос аст. Ғании Кашмирӣ таълим аз ӯдорад». Вале ишораи сонӣ дар ҳеч як маъхази роҷеъ ба Ғании Кашмирӣ сухан ронда такрор нашудааст. Баръакс дар «Миръоту-л-хаёл»-и Шерхони Лудӣ, «Таърихи Аъзамӣ»-и Хоҷа Аъзами Дидамирӣ, «Сарви Озод»-и Мир Ғуломалӣ Озоди Балгиромӣ, «Натоиҷу-л-афкор»-и Муҳаммад Қудратуллоҳи Гӯпомӯй, «Гули раъно»-и Шафиқ, «Маҷмаъу-н-нафоис»-и Сироҷалихони Орзу, «Суҳуфи Иброҳим»-и Иброҳималихони Халил, «Шамъи анҷуман»-и Сиддиқ Ҳасанхон омадааст, ки вай шогирди хушзеҳн ва болаёқати Шайх Муҳсини Фонии Кашмирӣ (вафоташ байни солҳои 1671-1672) мебошаду бо мурури вақт ва камоли комил ёфтан шуҳрати суханвариаш аз устод мегузарад. Дар ин бора Шерхони Лудӣ ин ишораро дорад: «… Ғанӣ шогирди Шайх Муҳсини Фонӣ буд. Ба мадади табъи даррок дар фунун ва улум бар устод чирадастӣ менамуд. Ҳар гоҳ Шайхро масъала мушкил шудӣ, аз вай истифсор намудӣ». Ба ин маънӣ дар «Таърихи Аъзамӣ» омадааст: «Мавлоно Муҳаммадтоҳири Ғанӣ ҳарчанд шогирди Муҳсини Фонӣ буд, аммо иттифоқи арбоби сухан аст, ки дар хиттаи Кашмир, балки дар тамоми иқлими Ҳинд дар он аҳд ҳамчун ӯ хушхаёли нозукбанде барнахоста».


Калидвожаҳо: Китоби Чахорбоги газал (Ахтарони адаб, 36), Гании Кашмири, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)