Деҳаи зархез: рисолаи пажӯҳишӣ-бадеӣ. Юнуси Имомназар

Муаллиф: Юнуси Имомназар

Бахш: Адабиёти муосир

Барчасп: рисола

Давлат: Узбакистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 2016

Саҳифа: 224

Андоза: 2 МБ

Деҳаи зархез: рисолаи пажӯҳишӣ-бадеӣ (дар бораи арзишҳои миллии деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато ва намунаҳо аз осори эҷодкорони он)


Деҳаи Эҷ яке аз қадимтарин ва бузургтарин деҳоти кӯҳистони Нуратост. Ин деҳа бо сарвати бебаҳои худ – тилло, ки дар зери заминаш фаровон аст, маъруф шудааст. Вале дар асл шуҳрати воқеии Эҷ на ба хотири ин неъмати табиӣ, балки ба ҳиммати сокинони кӯшо, боталош ва илмдӯсту фарҳангиаш доман густурдааст, ки дар тӯли торих аз худ осори боарзиши илмию фарҳангӣ ва адабию ҳунарӣ боқӣ гузоштаанд. Гӯйиши хос, таронаю сурудҳои мардумӣ, катибаҳо, осори дилпазири насрию назмӣ аз ҷумлаи арзишҳои бебаҳои деҳаи ёдшуда ба шумор мераванд. Агар тиллои нуҳуфта қишрҳои заминро оро диҳад, ин арзишҳо ба монанди зарпораҳо олами илму фарҳангу ҳунарро тобишу зинат мебахшанд. Китоби мазкур нигоштае аз ҳамин арзишҳои маънавӣ буда, ба сифати як сарчашмаи илмию бадеӣ ҷиҳати ошноии бештар бо деҳаи Эҷ ва бошандагони он кумак хоҳад кард ва барои доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.


Калидвожаҳо: Китоби Дехаи зархез: рисолаи пажухиши-бадеи, Юнуси Имомназар, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)