Девори Хуросон. Муҳаммадзамони Солеҳ

Муаллиф: Муҳаммадзамони Солеҳ

Бахш: Роман

Барчасп: Таърих

Ношир: Ирфон

Давлат: Тоҷикистон

Забон: Тоҷикӣ

Соли нашр: 1999

Саҳифа: 340

Андоза: 30 МБ

Башар аз рӯзи офариниши хазрати Одам то ба ҳол як ҳадаф дошту дорад ва хоҳад дошт: ИНСОН ШУДАН!
Ин марҳилаи камол аз бузургтарин ҳадаф аст. Он қадар пайғамбарон барои ҳидояти ин мақсад омаданд, вале ҳанӯз башар дар ҳолати нохудогоҳӣ боқӣ мондааст. Пайғамбарон худ намунаи ҳидоят шудан ҳастанд. Вале ку Рустаме? Ку Сиёвуше?..


Муҳаммадзамони Солеҳ соли 1951 дар дехи Пардоғи нохияи Масчо ба дунё омадааст.

Дерест, ки дар замини баруманди сухан чун дехкони асил хомакашӣ мекунад. Офаридаҳои ӯ дар хумдони дил ва зехни у чун лаъли музоб гудохта шудаанд. Ин аст, ки дустдорони сухан ҳикоя ва повестҳои уро бо унвони «Сарви Кашмир» (1984), «Оҳанги шаҳри Ишк» (1989) ва «Ардовирафнома ё сояҳои шикаста» (Теҳрон, 1992) мутолиа кардаанд. Шеваи навиштор, оҳанги гуфтор, кутохбаёнии муассир баландғоягии арзиши асарҳои уро афзудааст. Хоса дарди бузурги инсон ва ҷомае дар ҳар асари нависанда бо обу ранги нав таҷалли намудааст. Асотир, фалсафаи хушбинона, маъонии тахдор, дарди замон ҷавҳари осори уст. У дар насри имрузаи мо навпардоз аст: месузад ва месозад, то аз суханаш буйи хоми наояд.


Калидвожаҳо: Китоби Девори Хуросон, Мухаммадзамони Солех, бо забони точики PDF ройгон боргири кардан (скачать бесплатно)